Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми нави генерал Милопар Бандишоев


Муовини пешини раиси Оҷонсии мубориза бо фасод, генерал Милопар Бандишоев, ахиран сардори Шӯъбаи тафтиши ҷиноятҳо муқобили ҳокимияти давлатӣ, манфиатҳои хизмати давлатӣ ва соҳаи иқтисоди тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Раёсати Додситони кулли Тоҷикистон таъин шудааст. Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта бо фармони Додситонии кулли Тоҷикистон, генерал Бандишоев сардори Шӯъбаи тафтиши ҷиноятҳо муқобили ҳокимияти давлатӣ, манфиатҳои хизмати давлатӣ ва соҳаи иқтисоди тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Раёсати Додситони кулли Тоҷикистон таъин гаштааст. Қаблан Бандишоев муовини раиси Оҷонсии мубориза бо фасод буд ва бо фармони президенти Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод карда шуда буд.

Генерал Бандишоев соли 1987 риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносовро хатм намуда, фаъолияти худро ҳамчун додситони ноҳияи Конибодом шурӯъ кардааст. Сипас бо таъсиси Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон, раиси бахши ин оҷонсӣ дар вилояти Суғд ва баъд аз се соли кор, раиси бахши ҳамин ниҳод дар вилояти Хатлон таъин шуд. Пас се соли дигари кор дар ин ниҳод, генерал Бандишоев ба вазифаи муовини раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон расида буд.

XS
SM
MD
LG