Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси полиси аскарии Сурия ба Туркия фирор намуд


Фармондеҳи полиси аскарии Сурия ба Туркия фирор намуд. Шоми сешанбе тавассути телевизиони ал-Арабия генерал-майор Абдулазиз Ҷосим аш-Шаллол гуфт, ки ӯ ба инқилоби мардумӣ мепайвандад:
Артиш иҷрои вазифаи асосиаш-ҳимояи ватанро канор гузошта, ба василаи ҷиноии куштори одамон, маҳви шаҳру деҳот ва қатли дастаҷамъии одамоне табдил ёфтааст, ки озодӣ мехоҳанд. Зинда бод Сурияи озод!”
Аз замони оғози инқилоби Сурия дар моҳи марти соли 2011-ум даҳҳо генерали ин кишвар аз хидмат ба режими президент Башор ал-Асад даст кашида ё ба хориҷа фирор кардаанд ва ё бо ошӯбгарон пайвастаанд.
XS
SM
MD
LG