Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натаняҳу Эронро таҳдиди асосӣ мешуморад


 Бенямин Натаняҳу
Бенямин Натаняҳу
Шоми сешанбе сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу маъракаи пешазинтихоботиашро оғоз намуда, иброз дошт, ки ӯ беҳтарин номзад барои ҳимояи мардуми Исроил аст. Дар шаҳри Байтумуқаддас Натаняҳу гуфт:
Пеш аз интихобот самимона ба шумо мегӯям, ки Давлати Исроил бо таҳдидҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мебошад. Эрон барномаи ҳастаияшро руш медиҳад. Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос бо мушак мусаллаҳ шудаанд. Исломи ифротӣ минтақаро таҳти назорат медарорад. Баъзеҳо дар муқобили таҳдидҳо сар хам кардаанд, онҳо парчами сафед бардоштаанд, вале мо ин корро намекунем.”
Ҳамчунон Натаняҳу ваъда додааст, ки бунёди маҳаллаҳои яҳудӣ дар соҳили ғарбии рӯди Урдунро идома медиҳад. Интихоботи парламентии Исроил 22-уми январ доир мешавад.
XS
SM
MD
LG