Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи саноатии Эрон дар Тоҷикистон


Дафтари матбуоти Палатаи Савдо ва саноати Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабр иттилоъ дод, ки рӯзи чаҳоршанбе дар «Кохи Борбад»-и пойтахт таҳти унвони «Тоҷикистон-2012» намоишгоҳи маҳсулоти беш аз 70 ширкатҳои эронӣ оғоз ёфт. Намоишгоҳи байналмиллалӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати эронии «Роҳи рушди Осиё» ва созмон дода шудааст.
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 70 ширкатҳои эронӣ дар бахшҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва анвои хурданӣ, масолеҳи кишоварзӣ, анвои шириниҳои эронӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи шустушӯӣ, атриёт, ороишоти заргарӣ, дастгоҳҳои барқӣ, лӯлаҳои пластикӣ ва ба сурати умум маҳсулоти саноатии Эрон пешкаши мардум шудааст.
XS
SM
MD
LG