Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба таҳқиқи хушунатҳои Либия


Раиси Комиссиюни ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пиллей имрӯз ба таҳқиқи байналмилалии хушунатҳои ҳукумат алайҳи эътирозгарон дар Либия даъват кард, дар ҳоле, ки хориҷиҳо ин кишварро тарк мекунанд.

Хонум Пиллей, ки дар гузашта қозии додгоҳи ҷиноёти ҷангии СММ будааст, ҳушдор медиҳад, ки ҳамлаҳои пайваставу усулӣ ба мардуми мулкӣ метавонад ба ҷиноят алайҳи башарият бадал шавад.

Ҳукуматҳои кишварҳои мухталиф аз роҳҳои ҳавоиву обӣ ба берун кашидани шаҳрвандонашон аз хоки ин кишвар шурӯъ карданд. Мегӯянд, ҳазорҳо коргарони турк дар як варзишгоҳ мунтазири бозгашт ба ватан ҷамъ шуда, ҳудудан 15 ҳазор мисриҳо дар марз барои фирор аз бесомониҳои Либия таҷаммӯъ карданд.

Назар ба гуфтаи шоҳидон, нирӯҳои вафодор ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ садҳо нафар мардуми мулкиро дар чанд шаҳри дар домани эътирозҳо мондаи мисли Триполиву Бенғозӣ куштаанд.

Шоҳидон мегӯянд, ки дар баъзе нуқоти пойтахт Триполӣ ҷасадҳои одамонро дидан мумкин аст.


Аз рӯи иттилои созмони мудофеи ҳуқуқи башари Human Rights Watch, манобеи беҳдоштӣ шумори қурбониҳоро танҳо дар шаҳри Триполӣ аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ 62 нафар ҳисоб кардаанд.


Айни замон, телевизиони Либия гузоришҳо оид ба вуҷуди кушторҳои ҷамъӣ дар Либияро чун дурӯғ ва овоза рад кардааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки чанд дипломати либӣ, аз ҷумла сафири ин кишвар дар ИМА Алӣ Оқилӣ мухолифи Қаззофӣ баромада тарки вазифа кардани ӯро талаб дорад.

Дабири кулли СММ Бан КИ Мун ҳам ба таҳқиқи гузоришҳои расонаҳо дар бораи куштори мардум даъват кард. Вай гуфт:

“Мақомоти Либия ба ҷониби эътирозгарон аз ҳавопаймоҳои ҷангиву чархболҳо оташ кушоданд. Ин кор ғайри қобили қабул аст ва бояд билофосила хотима дода шавад”.

Дар Ню-Йорк нишасти Шӯрои Амнияти СММ ва дар Қоҳира Лигаи кишварҳои арабӣ машғули баррасии вазъи Либия мебошанд.
Нигарониҳо аз идомаи хушунатҳо дар Либия ба қимати саҳҳом ва нафт дар бозори ҷаҳонӣ таъсир гузоштааст.
XS
SM
MD
LG