Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белла Ахмадулина аз олам даргузашт


Белла Ахмадулина, яке аз маъруфтарин шоираҳои шӯравию рус, дар шаҳраки Переделкинои канори Маскав аз олам даргузашт. Ахмадуллина узви Иттиҳодияи адибони Русия, узви садорати ПЕН-Сентри Русия ва узви фахрии Фарҳангистони санъат ва адабиёти Амрико буд. Шоираи маъруф яке аз муассисони баёзи адабии “Метропол” дар соли 1979 маҳсуб мешавад. Ӯ соли 1993 ҳамроҳ бо дигар ходимони маъруфи фарҳанги Русия зери санади маъруф ба “Номаи 42 нафар” имзо гузошта, дар он хостори манъи созмонҳои комунистиву миллатгароӣ ва таҳияи қонунҳои шадид алайҳи тарғиби фашизму адовати қавмӣ шуда буд.
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва сарвазири кишвар Владимир Путин бино ба даргузашти Белла Ахмадулина ба пайвандони шоира изҳори тасаллият карданд.
XS
SM
MD
LG