Президент Буш мусулмононро бо Рамазон табрик кард

29.08.2008

Президенти ИМА Ҷорҷ Буш мусулмонони оламро бо наздикшавии моҳи шарифи Рамазон табрик кард. Ӯ гуфт: "ман ва ҳамсарам Лора бо беҳтарин  таманниёт мусулмонони Амрико ва саросари оламро бо фарорасии моҳи Рамазон табрик мекунем."
Ҳамчунон президенти ИМА саҳми мусулмонони Амрико дар некӯаҳволии ин кишварро қадрдонӣ кардааст.
Имсол моҳи Рамазон 1-уми сентябр оғоз меёбад.   

29 Август 2008
 
29 Август 2008