Нозирони САҲА вориди Гурҷистон мешаванд

21.08.2008

Гурӯҳи 20-нафараи нозирон аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) рӯзи душанбе ба мушоҳидаи оташбаси миёни Русия ва Гурҷистон шурӯъ хоҳад кард. Раиси созмон, вазири умури хориҷии Финлонд, Александр Штубб гуфт, то оғози кори онҳо ҳамаи таҷҳизоти зарурии фаъолияти даста низ фароҳам хоҳад омад. Нозирон дар манотиқи гуногуни Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубӣ мустақар хоҳанд шуд.

21 Август 2008
 
21 Август 2008