Ҳалокати ошубгарони курд дар амалиёт дар Ширнак

15.07.2008

Низомиёни Туркия дар як амалиёт дар манотиқи ҷанубу шарқи кишвар 22 мусаллаҳи Ҳизби коргарони Курдистонро аз байн бурдаанд. Ба иттилоъи ҳайати фармондеҳии Туркия, дар ин ҷо теъдоди бузурги силоҳ ва тир низ мусодира шудааст. Амалиёт дар вилояти Ширнак, воқеъ дар марз бо Ироқ баъди он шурӯъ шуд, ки ошубгарони курд дар кӯҳи Арарат се кӯҳнаварди олмониро гаравгон гирифтанд.