Тирандозии марзбонони узбак ба сӯи як автобус
14.07.2008
Нерӯҳои марзбонии Узбакистон рӯзи 13 июл алайҳи автобуси мусофирбаре, ки тавассути марзи ин кишвар ба сӯи ноҳияи Қадамҷойи Қирғизистон мерафт, оташ кушодаанд. Дар асари ин тирандозӣ 2 нафар аз пойашон тир хӯрда, ба бемористони шаҳри Фарғонаи Узбакистон интиқол дода шудаанд.