Маблағи нав барои амалиёт дар Ироқ ва Афғонистон

30.06.2008

Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури ИМА зери қонуни тахсиси 162 миллиард доллар барои ниёзмандиҳои низомӣ дар Ироқ ва Афғонистон имзо гузошт. Ин маблағ барои амалиёти зиддитеррористӣ дар ин ду кишвар то моҳи январи соли оянда пешбинӣ шудааст. Моҳи январ Ҷорҷ Буш Кохи Сафедро тарк мегӯяд.

Тайи ин солҳо аз буҷаи ИМА барои амалиёти низомӣ дар Ироқ 650 миллиард доллар ва барои амалиёт дар Афғонистон тақрибан 200 миллиард доллар тахсис дода шудааст.

30 Июн 2008
 
30 Июн 2008