Порлумони Ироқ "минтақаи сабз"-ро тарк мегӯяд
17.06.2008
Як мақоми Ироқ изҳор кард, ки шурӯъ аз тирамоҳ иҷлосияҳои порлумони кишвар на дар "минтақаи сабз", балки дар маркази Бағдод баргузор хоҳанд шуд. Муовини раиси порлумон Шайх Холид Ал-Аттия гуфт, ки аз рӯзи 1 сентябр сар карда порлумон дар бинои Маҷлиси Миллӣ фаъолият хоҳад дошт, дар биное, ки порлумони замони Саддом Ҳусейн иҷлосия доир мекард.