Мулоқоти нокоми Ҷиммӣ Картер ва ҲАМОС

17.04.2008

Имрӯз раиси ҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳида Ҷиммӣ Картер бо ҳайати гурӯҳи ҲАМОС таҳти раёсати Маҳмуди Заҳар ва Сайд Сиам дидору гуфтугӯ дошт. Мулоқот дар Қоҳира, пойтахти Миср доир шуд, зеро мақомоти Исроил барои вуруди Ҷиммӣ Картер ба қаламрави Фаластини таҳти назорати ҲАМОС иҷоза надоданд. Намояндаи Кохи Сафед Гордон Ҷондро изҳор кард, ки мулоқоти раиси ҷумҳури собиқи Амрико ва ҳайати ҲАМОС муфид набуд. Ҷиммӣ Картер бо як сафари сулҳхоҳона аз кишварҳои Ховари Миёна дидан мекунад.

17 Апрел 2008
 
17 Апрел 2008