Президенти ИМА Попи Ромро пешвоз гирифт

16.04.2008

 Попи Ром Бенедикти XVI ба хотири мулоқот бо президенти ИМА Ҷорҷ Буш ба Қасри Сафед рафтааст. Тахминан 10000 нафар барои пешвози Поп дар қисмати ҷанубии қасри Сафед ҷамъ шуданд. Дар он ҷо президент Буш Попи Ромро пешвоз гирифт. Дар таърих ин дувумин зиёрат раҳбари калисои католики романӣ аз Қасри сафед аст.
Бенедикти XVI дар назди пешвоёни мазҳаби католик ва СММ суханронӣ хоҳад кард. Ҳамчунон Попи Ром аз макони ҳамлаҳои террористии соли 2001-ум маъруф бо номи Ground Zero,  ки замоне дар он ҷо биноҳои дугоники Маркази ҷаҳонии тиҷорат мустақар буданд, зиёрат мекунад. Бар илова Поп дар ибодати муштарак дар ду варзишгоҳ иштирок намуда, рӯзи якшанбе ИМА-ро тарк мекунад.

16 Апрел 2008
 
16 Апрел 2008