Даъвати Попи Рум аз ҷаҳониён
12.04.2008
Пешвои католикҳои ҷаҳон Попи Рум Бенедикти 16 имрӯз аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, то хароҷоти низомии худро камтар карда ва ба густариши силоҳҳои сабук хотима диҳанд. Дар як баёнияи расмӣ, Попи Рум кишварҳоро даъват кард, то хароҷоти низомиашонро камтар карда ва ба "лоиҳаҳои рушд" сармояи бештар гузоранд. Попи Рум гуфтааст, ки густариши силоҳҳои сабук аз иллатҳои авҷ гирифтани ҷангҳои маҳалливу низоъҳои қабилавӣ аст.