Саркозӣ ва Браун дар варзишгоҳи Арсенал вомехӯранд

27.03.2008

Дар поёни сафари дурӯзааш ба Британия президенти Фаронса Николас Саркозӣ бо сарвазири Британия Гордон Браун ҳамкориҳои миёни ду кишвар аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои ҳаставӣ ва ирсоли сарбозон ба Афғонистонро баррасӣ мекунад. Музокироти ду раҳбар дар варзишгоҳи нави дастаи футболи Арсенали Лондон хотима меёбад. Нишасти ғайрианъанавӣ ҳамчун рамзи ҳамкории англису фаронсавӣ интихоб шудааст. Мураббии Арсенал ва чанд футболбози асосии ин даста шаҳрванди Фаронса мебошанд.  

27 Март 2008
 
27 Март 2008