Иди инқилоби Қирғизистон қонунӣ шуд

13.03.2008

Порлумони Қирғизистон 24-уми мартро Рӯзи инқилоби мардумие эълон кард, ки дар соли 2005 ҳукумати президент Аскар Оқоевро сарнагун кард. Он рӯз ҳазорон нафар бо эътироз аз хилофкориҳо дар интихоботи порлумонӣ ба хиёбонҳо рехтанд ва биноҳои маъмуриро ишғол карданд. Ин ҳодисаҳо ҳамчунин "инқилоби лолаӣ" номида шуда, идомаи инқилобҳои рангаи Гурҷистон ва Укроин дониста мешавад.

13 Март 2008
 
13 Март 2008