Белорус сафири Амрикоро ихроҷ мекунад

07.03.2008

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Белорус аз сафири Амрико дар Минск хостааст, аз ин кишвар хориҷ шавад ва ҳамзамон сафири худ дар Вашингтонро фаро хондааст. Вазорат гуфт, ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки ҳукумати Амрико алайҳи ширкати "Белнефтехим" таҳримоти нав эъмол кард. Давлати Иёлоти Муттаҳида, ки ҳукумати Александр Лукашенкоро охирин диктотурӣ дар Аврупо хондааст, гуфт, ихроҷи сафираш аз Белорус "номашрӯъ" аст.

07 Март 2008
 
07 Март 2008