Ҳамлаи пурқурбонӣ ба созмони хайрия дар Покистон

25.02.2008

Дар асари ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ ба дафтари як созмони ғайридавлатии  бритониёӣ  дар шаҳри Мансеҳраи Покистон дасти кам 4 нафар кушта ва 15 тани дигар захмӣ шудаанд. Созмони План Интенешнал як даҳсола ба ин сӯ дар ин минтақаи шимолу ғарби қабиланишини Покистон машғули барномаҳои кӯмак ба ҷомиаҳои маҳаллӣ дар барномаҳои рушд ва кӯмак ба соҳоти маорифу тандурустӣ будааст.

25 Феврал 2008
 
25 Феврал 2008