Тақозои кишварҳои арабӣ аз Дания
19.02.2008
Имрӯз як қатор кишварҳои арабӣ аз Дания тақозо карданд, чопи батакрори карикатураҳои таҳрикомезеро, ки нисбати дини Ислом тавҳиномез арзёбӣ мешаванд, хотима диҳанд. Инчунин имрӯз ҳукумати Миср сафири Данияро дар робита ба ин мавзӯъ назди худ хондааст, дар ҳоле, ки ҳудудан чаҳор ҳазор донишҷӯёни мисрӣ ба нишони эътироз аз чопи навбатии карикатураҳо раҳпаймоӣ карданд. Ҳафтаи гузашта 17 нашрияи даниягӣ барои бори дуюм карикатураҳои ҷанҷолбарангезро ба нашр расониданд, ки нахуст соли 2005 ба чоп расида боиси эътирозҳои шадиди ҷомеаи исломӣ шуданд.