Сафири Покистон дар ватани худ нопадид шуд

11.02.2008

Телевизиони давлатии Покистон гуфт, ки сафири ин кишвар дар Афғонистон имрӯз зимни боздидаш аз манотиқи қабиланишини Покистон нопадид шуд. Гузорише, ки ҳанӯз таъйид кардани он душвор аст, ҳокӣ аз он аст, ки сафир Тариқ Азизуддин  дар роҳи бозгашт ба Кобул аз вулусволии Хибер гузар мекард ва нопадид шуд. Бовар меравад, ки вай то ба хати марз нарасида буд. Хибер яке аз манотиқи қабиланишини покистонии воқеъ дар хати марз бо Афғонистон аст, ки дар ин маҳал вақтҳои охир ҷангиёни исломӣ фаъол шудаанд.

11 Феврал 2008
 
11 Феврал 2008