Суқути ҳавопаймои ҷангии Озарбойҷон

29.01.2008

Як ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-и Озарбойҷон ҳангоми размоишҳо дар наздикии пойтахти ин кишвар, Боку суқут кард ва ҳарду сарнишини он ба ҳалокат расиданд. Сабаби суқут маълум нашудааст ва сухангӯи Вазорати дифоъи Озарбойҷон аз додани тафсилот сарпечӣ кард. Ҳавопаймо дар наздикии пойгоҳи ҳарбии Сумгаит, 30-километрии Боку ба Баҳри Хазар афтод. Хабаргузориҳо мегӯянд, ин яке аз чанд ҳавопаймои тармимшгудае буд, ки Озарбойҷон дар соли 2007 аз Укроин харидорӣ кард.

29 Январ 2008
 
29 Январ 2008