Тибқи маълумоти Бонки рушди АвруОсиё, Чин аз Русия пеш гузашта ва ба калонтарин сармоягузори мустақими хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ табдил шудааст. Минтақае саршор аз манбаъҳои табиӣ, ки солҳо зери нуфузи Маскав қарор дошт, акнун беш аз гузашта ба меҳвари таваҷҷуҳи Пекин табдил меёбад.