Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Жанаозен аз харитаи Қазоқистон зудуда мешавад


Сохтмони ширкати Озмунайгаз баъди ошӯбҳои хунини 16 декабри соли 2011. Шаҳри Жанаозен

Сохтмони ширкати Озмунайгаз баъди ошӯбҳои хунини 16 декабри соли 2011. Шаҳри Жанаозен

Шаҳре, ки як соли пеш дар паи ошӯбҳои мардумӣ ба хун оғушта шуд ва моҳҳои дароз дар саргаҳи ахбори Қазоқистон қарор дошт, дар пешорӯи чолиши наве қарор гирифтааст. Тибқи пешниҳоди шӯрои куҳансолони шаҳр, исми Жанаозен имкон дорад тағйир дода шавад. Пешниҳод шудааст, ки шаҳр ба номи як файласуфи асри 18 гузошта шавад. Мунаққидон мегӯянд, ки ин иқдоми ҳукумат танҳо ба хотири рафъи осори равонии ҳодисаҳои хушунатомези як соли пеш аст, ки ба обурӯи Назарбоев ва атрофиёнаш зарба задааст.

Жанаозен, як шаҳри саноатии воқеъ дар ғарби Қазоқистонро, ки ҳанӯз як сол пеш исмашро кам касоне медонистанд, баъди рӯйдодҳои моҳи декабри порсол маъруф шуд ва дар зеҳни бисёриҳо бо ошӯби пахшшудаи хунини моҳи декабр таҷассум меёбад. То ҳанӯз даъвоҳои судии шоҳидону муттаҳамони он рӯйдодҳо, ки ба иттилои мақомот 17 кушта бар ҷой гузошт, анҷом нашудааст. Бо наздикшавии таърихи солгарди он рӯйдодҳо, дубора исми Жанаозен вирди забони матубот мешавад.

Тавре мақомон гуфтанд, шӯрои кӯҳансолони вилояти Мангистау, ки Жанаозен дар ҳудуди он ҷойгир аст, аз мақомот хостааст, ки номи шаҳр ба Бекет-Ота, ба ифтихори сӯфӣ, файласуф ва донишманди маъруфи асри 18 номгузорӣ шавад. Ин дархост дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Қурбон ба раиси вилоят Бауржан Муҳамедов карда шуд ва дар сурати мувофиқати расмӣ, шаҳр табдили ном хоҳад кард. Ба қавли мақомот, тасмими ниҳоӣ дар Остона гирифта мешавад.

Нурбол Телегенов, раҳбари Сарраёсати сиёсати дохилии вилоят дар сӯҳбат бо бахши қазоқии радиои Озодӣ гуфт, ки “қарори ниҳоӣ аз раъйи мардум вобаста аст. Агар мардум дар ин бора қароре қабул кардад, баъдан маъмурияти вилоят дархосташро ба унвонии ҳукумати марказӣ ироа мекунад”, гуфт вай.

Ин мавзӯъ аллакай рӯзи 29 октябр дар як барномаи телевизиони “Қазоқистон- Актау” баррасӣ шудааст. Ба баҳсҳо дар атрофи ин мавзӯъ акнун корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ҳамроҳ шудаанд. Сокинони маҳаллӣ қаҳрамони миллӣ Бекет-Отаро барои хизматҳояш дар пеши мардум, аз ҷумла, барои бунёди масҷидҳо қадрдонӣ мекунанд. Вале бисёри дигарҳо мегӯянд, ки ин пешниҳод ҳадафмандони карда шуда, мақсадаш пок кардани доғи сиёҳ аз таърихи навини Қазоқистон аст. Як корбари Facebook бо исми Қонақ гуфтааст, ки ин кори мақомот мисли кори як шогирди мактаб аст, ки баъди гирифтани баҳои паст саҳифаи рӯзномаашро меканад, то ки он пурра наву тоза ҷилвагар шавад.

Ҳодисаҳои Жанаозен ва саркӯби хунини ошӯбгарон, ки аз вазъи иҷтимоиву иқтисодии худ моҳҳои дароз эътироз карда, вале касе ба додашон нарасид, мавриди интиқоди шадиди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мухолифон гардид.

Вале муаллифони идеяи нав шудани исми шаҳр аз пешниҳоди худ ҳимоят карда мегӯянд, ки ба ҳеҷ сурат ин иқдоми онҳо ба хотири рӯпӯш кардани ин саҳифаи нангини таърих нест, балки ба хотири бузургдошти исми як шахсияти маъруфи миллӣ карда мешавад.

Вале ба андешаи як донишҷӯи маҳаллӣ, ки мухолифи тағйири номи Жанаозен аст, “бо нав шудани исми шаҳр масъала ҳал нахоҳад шуд”. Ин донишҷӯ мегӯяд, агар то ҳол ҳодисаҳои соли пешро бо ибораи “рӯйдодҳои Жанаозен” ёд мекарданд, акнун ин ифода ба “ҳодисаҳои Бекет-Ота” тағйир меёбад, ки воқеан ҳам дар ҳақи ин марди бузург беэҳтиромӣ мешавад.

Холидаи Қодир, Мақпал Муканқизӣ, радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG