Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикояти вакилони Зайд Саидов аз гузориши ТВ


Зайд Саидов (акс аз гузориши телевизионии рӯзи 30 сентябр)

Зайд Саидов (акс аз гузориши телевизионии рӯзи 30 сентябр)

Вакилони Зайд Саидов алайҳи як гузориш, ки дар телевизионҳои давлатӣ пахш шуд, ба Додситони кулли Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Вакилони дифоъи Зайд Саидов, соҳибкори маъруф ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ эълон карданд, ки аз додситонии кулл хостаанд, то пахши барнома алайҳи муваккилашон тариқи шабакаҳои давлатии телевизиониро таҳқиқ кунад.

Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили дифоъи Зайд Саидов, рӯзи 1 октябр дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, мақомоти тафтишотӣ моддаи 361 – и Кодекси мурофиаи ҷиноии Тоҷикистонро, ки фош кардани сирри тафтишотро манъ кардааст, нақз кардаанд. Вай афзуд, парвандаи Зайд Саидов «мӯҳри махфӣ» дорад ва ҷонибҳо имзо гузоштаанд, ки сирро ба берун нахоҳанд баровард, аммо мақомот ин тақозоро рӯирост поймол кардаанд. Ва он ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи вакилони мудофеъ, ин парвандаи нави “таҷовуз ба номус” алайҳи Зайд Саидов мисли парвандаҳои қаблиаш саропо тӯҳмат аст.




Вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкори маъруф ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ рӯзи 1-уми октябр гуфтанд, гузориши телевизионии шоми 30-юми сентябр сиррӣ будани парвандаи зерҳимояашонро зери суол бурда, ҳаққи ӯро ба «эҳтимоли бегуноҳӣ» поймол кардааст.

Фахриддин Зокиров , яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, мегӯяд , мақомоти тафтишотӣ моддаи 361 – и Кодекси мурофиаи ҷиноии Тоҷикистонро, ки фош кардани сирри тафтишотро манъ кардааст, нақз кардаанд: «Дар оғози парвандаи Зайд Саидов тибқи талаботи моддаи 361 кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ифшо накардани сири тафтишотӣ забонхат гирифта буданд. Мо ҷузъиёти ин парвандаро то ба ҳол ба касе ифшо намекардем. Аммо дирӯз тариқи шабакаҳои давлатӣ нисбати парвандаи зерҳимоияи мо гузориш пахш карда шуда, ҷузъиёти он ошкор шуда, акси зерҳимояи мо намоиш дода шуд.»

Ҷаноби Зокиров ҳамчунин афзуд, ҳарчанд додгоҳ то ба ҳол Зайд Саидовро дар содир кардани ҷинояти таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ муҷрим нашинохтааст, аммо телевизионҳои давлатӣ Саидовро чун шахси ҷинояткор намоиш доданд. Ба гуфтаи Зокиров, ин гузориш хилофи моддаи 20-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки мегӯяд, танҳо суд ҳуқуқи истисноии гунаҳкор донистани шаҳрвандро дорад.

Дар ҳамин ҳол, вакилони Зайд Саидов мегӯянд, то ҳол барои онҳо маълум нест, ки кадом ниҳод ин маводро омода карда, дастури пахши онро ба шабакаҳои давлатӣ додааст? Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ва додситонии кулл аз шарҳи ҷузъиёти марбут ба ин гузориши телевизонӣ худдорӣ кардаанд.

Шӯҳрат Қудратов, вакили дигари Зайд Саидов гуфт, ки пас аз пахши ин навор дар шабакаҳои телевизони давлатӣ бо Зуҳал Раҳимов -роҳбари гурӯҳи муфаттишони парвандаи Саидов дар тамос шуда, аз ӯ пурсидааст, ки оё пахши ин гузориши телевизонӣ маънои лағви муҳри махфӣ аз парвандаи зерҳимояашро дорад ё не ва чунин посух гирифтааст: «Зуҳал Раҳимов гуфт, парванда мӯҳри махфӣ дорад ва ҷузъиёти онро ошкор кардан мумкин нест. Аммо вай гуфт, ки аз ин гузориши телевизонӣ хабар надорад ва онро тамошо накардааст.»

Вакилон мегӯянд, ҳадафи ин гузориши телевизионҳои давлатӣ дар назди ҷомеа «сиёҳ» кардани Зайд Саидов ва фишори рӯирост ба додгоҳ аст.

Дар давоми рӯзи 30 сентябр тавассути барномаи “Ахбор”-и Шабакаи аввал ва шабакаҳои дигари давлатии телевизионии Тоҷикистон гузорише пахш шуд, ки дар он Зайд Саидов ба таҷовузи духтари ноболиғи рус муттаҳам мешуд. Ин духтар, ки аз ӯ ҳамчун “Г.Е.” ном мебурданд, дар порчае аз навори рӯбарӯкуниаш бо Саидов иддао мекард, ки маҳз Зайд Саидов бо ин фиреб, ки ба лагер мебарадаш, ӯро ба бӯстонсарояш дар дараи Варзоб оварда ба номусаш таҷовуз кард ва барои пинҳон доштани ин амали худ 5 рӯз дар ҳамин бӯстонсаро иҷборан нигоҳ дошт. Дар ин гузориш чеҳраи Зайд Саидовро низ намоиш доданд, вале вокуниши ӯ ба иттиҳоми ин духтари, ба гуфтаи мақомот, соли таваллудаш 1999, аслан оварда нашуд.

Аммо вакилони Зайд Саидов мегӯянд, ки муваккили онҳо иттиҳоми навбатии “таҷовуз ба номус”-ро низ комилан бепоя хонда рад мекунад ва талоши мақомоти тафтишотӣ барои паст задани обрӯиву эътибораш дар чашми мардум мешуморанд. Шӯҳрат Қудратов, вакили дигари Зайд Саидов ба Озодӣ гуфт, онҳо далоили фаровоне дар даст доранд, ки туҳмат будани тамоми айбҳои алайҳи ӯ эълоншударо собит мекунад, вале онҳо ин далелҳоро дар додгоҳ хоҳанд гуфт.

Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаҳои Зайд Саидовро пушти дарҳои баста дар дохили боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ аз 12 сентябр ба ин сӯ идома дода истодааст. Аз рӯзи 27 сентябр дар ин мурофиа бо дархости вакилони Саидов 6 рӯз танаффус эълон шудааст. Ҳоло вакилони дифоъи Зайд Саидов мехоҳанд моҷарои нашри гузориши телевизионӣ дар бораи парвандаи нави зидди ӯро ба додгоҳ бикашонанд.

"Г.Е." - бародарзодаи "А"?

Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ҳанӯз рӯзи 14 сентябр алайҳи Зайд Саидов бо иттиҳоми “таҷовуз ба номус” ва “ғайриқонунӣ дар боздошт нигоҳ доштан” парвандаи нав кушода, ҳафтаи гузашта ӯро бо ин духтари ноболиғи даъвогар рӯбарӯ карданд. Дар моҳи июн алайҳи ин соҳибкори муваффақ ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав як парвандаи “таҷовуз ба номус”-и духтаре, ки ба синни 16 нарасидааст, низ боз шуда буд.

Мақомоти Ожонси зиддифасод мегуфтанд, ӯ бо як духтар,ки шартан “А” номаш мебурданд, тайи чандин сол ҳамхоба шуда, се дафъа ӯро ба исқоти ҳамл маҷбур кардааст. Тафтишот мегӯяд, Саидов аз ин духтар, ки ҳоло ба синни балоғат расидааст, як духтари семоҳа ҳам дорад. Саидов ин иттиҳомро радд карда, мегӯяд, ки он духтари даъвогарро аслан намешиносад.

Вакилони Саидов мегӯянд, далелҳои ҷамъкардаашонро барои додгоҳ нигоҳ медоранд. Аммо дар матбуот бархе розҳои нуҳуфтаи ин парвандаҳо пайдо шуда истодаанд. Ҳафтаномаи “Фараж” ахиран натиҷаи як таҳқиқоти журналистиро нашр кард, ки дар хулосааш мегӯяд, падари фарзанди “А” як нафари комилан дигар будааст, на Зайд Саидов. Ва ҳоло як манбаъи Озодӣ мегӯяд, даъвогари дувум, яъне “Г.Е.”, ки ҳоло Зайд Саидовро ба “таҷовуз ба номус” айбдор мекунад, дар асл хешованди хеле наздики “ҷабрдида”-и аввал, яъне “А” мебошад ва ин воқеъияти “таҷовуз ба номус”-ро дар ин қазия зери суол мебарад. Манбаъи Озодӣ мегӯяд, чигуна як нафаре ки гӯё таҷовуз шудааст, ба ҷои ба мақомот шикоят бурдан, дидаву дониста баъди чанд сол боз ҷигарбандашро ҳам ба бистари ҳамон як “таҷовузгар” меандозад?

Дар ҳоли ҳозир алайҳи Зайд Саидов то имрӯз бар асоси 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парвандаҳои ҷиноӣ кушода будандПарвандаи ахир шумори иттиҳомоти зидди ӯро ба 10 мерасонад.

Бандишоев: Ин танҳо нӯги ришта аст...

Ин дар ҳолест, ки Милопар Бандишоев, муовини раиси Ожонси мубориза бо фасод дар арафаи оғози додгоҳи Саидов гуфта буд, ки танҳо як бахши парвандаҳои марбут ба ин соҳибкори шинохта ба дасти додгоҳ супурда шуда, тафтиши фаъолиятҳои тиҷориву иқтисодии ӯ ҳамчунон идома хоҳад ёфт.

Зайд Саидов тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, мегӯяд, таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав шурӯъ шуд.

Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ сипас аз соли 2001 то оғози соли 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт ва ширкатҳояш дар соҳоте, чун саноати мармар, ҷавоҳирот ва сохтмони манзилҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон пешгом буданд.

Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз таъсиси як гурӯҳи ташаббускор барои сохтани ҳизби нав хабар дод. Аммо моҳе баъд мақомот аз шурӯъи чандин парванда алайҳи ин соҳибкор хабар доданд ва ӯ рӯзи 19 май баробари баргаштанаш аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе, дастгир шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG