Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зайд Саидов: Барои президентшавӣ 3 миллион $ нагирифтаам


Зайд Саидов

Зайд Саидов

Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ, мегӯяд, парвандаи ӯ сиёсист, чун мақомот ӯро барои гирифтани 3 миллион доллар барои иштирок дар интихоботи президентӣ ҳам муттаҳам донистаанд.

Бо ироаи сухани охирини Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари зиндонии Ҳизби сабтнашудаи Тоҷикистони нав, додраси парвандаи дувумаш барои то ду ҳафта вориди хонаи машваратӣ шудааст.

Ба оқои Саидов, ки моҳи декабри 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз рӯи парвандаи дуюм ва бо талаби айбдоркунандаи давлатӣ, 25 соли ҳабс ва 34 миллион сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад. Дар ин парванда, ки аз сӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ифтитоҳ шудааст, ӯ ба сохтакории ҳуҷҷат, суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва саркашӣ аз андоз муттаҳам мешавад.

Аммо Зайд Саидов 23 июли соли ҷорӣ ҳангоми баёни сухани охиринаш дар додгоҳ тамоми иттиҳомоти алайҳи ӯро "супоришӣ ва сиёсӣ" хондааст. Мурофиаи Саидов аз сӯи додраси Додгоҳӣ олӣ паси дарҳои баста дар боздоштгоҳи шумораи аввали Душанбе баргузор шуда, матни сухани охирини ӯ дастраси Радиои Озодӣ гардид, ки бар асоси он Зайд Саидов гуфтааст, ҳарчанд мақомот парвандаи ӯро сиёсӣ намедонанд, вале аз рӯзҳои аввали боздошт онро сиёсӣ кардаанд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, Абдуфаттоҳи Ғоиб, раҳбари собиқи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали боздошташ бо ӯ дидор карда ва бо ишора ба таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав гуфтааст, ки "магар мо кӯҳна шудем?"

Раҳбари зиндонии ин ҳизби сабтнашуда мегӯяд, мақомот ҳатто ӯро барои дарёфти гӯё се миллион доллар аз як шаҳрванди Украина барои номзад шуданаш ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2013 айбдор кардаанд.

"Тафтишот сохтакорона аз номи Коретский, шаҳрванди Украина худашон иттиҳомотро характери сиёсӣ додаанд, ки гўё ман барои номзад шудан дар маъракаи интихоботи президентӣ аввал 2 миллион доллар, баъдан 1 миллион доллар гирифтам ва аз сабаби он ки манро ҳабс карданд, Коретский ба Агентии давлатии молиявии мубориза бо коррупсия муроҷиат кардааст, ки пулашро гирад. Яъне, мақомоти коррупсия бо ин амалашон ошкоро бо ин ҳама айбдоркуниҳо асоси сиёсӣ доданд,"--гуфтааст ӯ.

Зайд Саидов дар идома аз ин иттиҳоми мақомот, ки ӯро барои аз худ кардани 16 корхонаи давлатӣ айбдор медонанд, нороҳатӣ карда ва ин суолро пеш гузоштааст, ки "кадом корхона? Куҷо шуданд он корхонаҳо? Чаро дар айбнома зикрашон нест? Чунки он корхонаҳо соҳиб доштанд ва ба Саидов З.Ш. ҳеч иртибот надоштанд."

Зайд Саидов мегӯяд, бо хоҳиши раисиҷумҳури Тоҷикистон тамоми сармояашро аз хориҷ ба кишвар оварда ва ҳадафаш танҳо рушди иқтисод ва беҳбуди зиндагии мардум буд. Ӯ дар охир изҳори умед кардааст, ки додрас "бо ҳисси баланди инсониву ватандорӣ, ки қонуну қонуният тақозо дорад баҳои қонунӣ медиҳед, на амалҳои ғайриқонуние, ки таърихи инсоният назирашро намедонад, аз ваколатҳои хизматӣ ҳукм содир мекунед."

Дар аввали моҳи июли соли ҷорӣ айбдоркунадаи давлатӣ - намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон дар мурофиаи соҳибкори зиндонии тоҷик аз Додгоҳи олӣ талаб кард, ки Зайд Саидовро ба 25 соли зиндон ва 34 миллион сомонӣ ҷарима маҳкум кунад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар ин мурофиаи додгоҳӣ гуноҳҳои соҳибкор исбот шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG