Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Зайд Саидов рӯзи душанбе аз сар гирифта мешавад


Рӯзи ҷумъа Саидов ба пурсишҳои додрас посух дод ва тамоми иттиҳомоти алайҳи худро рад кард.

15-15: Шӯҳрат Қудратов вакили мудофеи Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон баъди берун шудан аз мурофиаи додгоҳӣ, ба радиои «Озодӣ» гуфт, дар рӯзи дуввум мурофеа аз пурсиши айбдоршаванда оғоз шуд: «Зайд Шерович кулли айбномаҳоеро, ки тафтишот нисбати вай эълон кардааст бори дигар рад карда нишондодҳои худро доир ба айбҳои эълоншуда баён дошт. Аммо ҳол пурсиши вай аз ҷониби суд ба итмом нарасидааст ва барои идомаи мурофеа то рӯзи душанбе танаффус муқаррар шудааст. Рӯзи душанбе низ мурофеа аз пурсиши Зайд Саидов нисбат ба айбҳои ба ӯ эълоншуда оғоз хоҳад ёфт».

Ҷаноби Қудратов афзуд, имрӯз ҳам наздикони Зайд Саидов ба мурофиа роҳ наёфтанд, чунки довари мурофиа Шавкат Абдулхайров гуфтааст, то ҳол аризаи вакилони дифоъ дар мавриди роҳ додани наздикони Саидов ба мурофиа ба дасти вай нарасидааст. Аммо Қудратов мегӯяд ин аризаи онҳо имрӯз ба дасти довари мурофиа мерасад ва умед аст, ки пайвандони Зайд Саидов рӯзи душанбе ба мурофиа роҳ дода шаванд.

10-50: Ин субҳ бо оғози дувумин рӯзи мурофиаи Зайд Саидов, бунёдгузори ҳизби "Тоҷикистони нав" вазири пешин саноат ва соҳибкори мувафақ, тадобири амниятӣ дар атрофи боздоштгоҳи муваққати кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташдид шуда буд ва роҳро баста буданд.

Вале баъд аз гузашти соате аз оғози мурофаи додгоҳ роҳи иртиботӣ ба боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боз шудааст.

Пайвандони Зайд Саидов, ки ҳудуди даҳ нафар ҳастанд, дуртар аз боздоштгоҳи муваққат қарор доранд. Рузи гузашта теъдоди онҳо то нимарӯзӣ ба 25 нафар расида буд.

9-53: Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор дорад, мегӯяд, нерӯҳои амниятӣ ва пулис, ҳеҷ касеро ба бинои боздоштгоҳ наздик шудан намемонанд ва бо гузоштани сангарҳо, роҳи мошингардро бастаанд.

Пайвандони Зайд Саидов, ки дуртар аз боздоштгоҳи муваққат дар дигар канори роҳ қарор доранд, гуфтанд, ки мурофиаи додгоҳӣ бо ширкати вакилон шуруъ шудааст.

Ба таъкиди Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Зайд Саидов, муҳокимаи парвандаи ин соҳибкори маъруф ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон имрӯз соати нӯҳи субҳ бо бозпурсии афроде, ки дар ин қазия "ҷабрдида" шинохта мешаванд, идома хоҳад ёфт.

Аммо пайвандони Зайд Саидов мегӯянд, имрӯз ҳам ҳеҷ яке аз онҳо ба толори мурофиа роҳ наёфтанд.

Ҳарчанд дирӯз, Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоии Зайд Саидов пас аз анҷоми нахустин рӯзи мурофа гуфт, ки қозии парванда дархости онҳо барои бардоштани мӯҳри махфии парвандаҳои Зайд Саидовро радд карда, вале иҷозат додааст, ки аз рӯзи ҷумъа дар ҷараёни муҳокима ду тан аз пайвандони ӯ ҳам ширкат кунанд.

Ҳамакнун пайвандони Зайд Саидов мегӯяд, ки ин ваъда боз ба рӯзи душанбеи 16 сентябр гузошта шудааст.

Рӯзи аввали додгоҳи Зайд Саидов: Натиҷаи ташхиси ДНК ва...

Рӯзи аввали додгоҳи Зайд Саидов дар дохили боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ бо шиносоии тарафҳо, муаррифии натиҷаҳои ташхиси ДНК ва инкори тамоми иттиҳомот аз сӯи ин соҳибкор анҷом ёфтааст.

Ба гуфтаи вакилони мудофеъи Зайд Саидов, рӯзи аввали мурофиа, ки иборат аз муаррифии тарафҳо ва эълони иттиҳомот будааст, анҷом ёфт.

Шӯҳрат Қудратов, вакили Зайд Саидов, ба хабарнигорон гуфт, имрӯз ду нафар - Зайд Саидов ва Далер Бобоев, мушовири собиқи мудири корхонаи тилошӯии "Зарафшон", ба додгоҳ эҳзор шуданд. Бобоев бо Саидов дар як парвандаи ришвахоҳӣ аз соҳибкори қазоқ Сериқбол Окушев муштаракан муттаҳам мешаванд.

Шӯҳрат Қудратов гуфт, дар рӯзи аввали муҳокима 4 тан аз онҳое ки ҳамчун ҷабрдидаҳо мегузаранд, низ ба додгоҳ даъват шуданд. Ӯ афзуд, Зайд Саидов ҳамаи 8 иттиҳоми алайҳаш эълоншударо дар рӯзи аввали додгоҳ радд кард ва гуфт, худро аслан гунаҳкор намешуморад.

Ташхиси ДНК ва эҳтимолияти "падарӣ"-и Зайд Саидов

Нуқтаи дигари ҷолибе, ки Шӯҳрат Қудратов ба хабарнигорон аз рӯзи аввали мурофиа қисса кард, натиҷаҳои ташхиси ДНК будааст. Ҳангоми муаррифии натиҷаҳои ин ташхис дар додгоҳ гуфтаанд, ки ташхис дар яке аз клиникаҳои Маскав анҷом шуда, хулосааш ба эҳтимолияти падари кӯдаки зани даъвогаре, ки мегӯяд, Зайд Саидов дар замони ноболиғиаш ба номуси ӯ таҷовуз кардаву се дафъа ба исқоти ҳамл маҷбураш кардааст, таъкид мекунад. Вале вакилони мудофеъи Саидов мегӯянд, ба сиҳҳати ин ташхис эътимод надоранд.

Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, қозии парванда дархости онҳо барои бардоштани мӯҳри махфии парвандаҳои Зайд Саидовро радд карда, вале иҷозат додааст, ки аз рӯзи ҷумъа дар ҷараёни муҳокима ду тан аз пайвандони ӯ ҳам ширкат кунанд. Ба ақидаи вакили ЗайдСаидов, аз рӯзи аввали мурофиа эҳсос мешавад, ки бархӯрди додрас ба қазия хеле яктарафа аст ва ӯ ваҷҳҳои овардани вакилони мудофеъи Саидовро нодида мегирад.
Таҳаввулоти рӯзи 12 сентябр

14-20: Ба гуфтаи вакилони мудофеъи Зайд Саидов, рӯзи аввали мурофиа, ки иборат аз муаррифии тарафҳо ва эълони иттиҳомот будааст, анҷом ёфт ва муҳокимаи парвандаи ин соҳибкори маъруф ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 13 сентябр, соати нӯҳи субҳ бо бозпурсии афроде, ки дар ин қазия "ҷабрдида" шинохта мешаванд, идома хоҳад ёфт.


Рӯзи аввали мурофиаи Зайд Саидов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00
Линки мустақим


Шӯҳрат Қудратов, вакили Зайд Саидов, ба хабарнигорон гуфт, имрӯз ду нафар - Зайд Саидов ва Далер Бобоев, мушовири собиқи мудири корхонаи тилошӯии "Зарафшон", ба додгоҳ эҳзор шуданд. Бобоев бо Саидов дар як парвандаи ришвахоҳӣ аз соҳибкори қазоқ Сериқбол Окушев муштаракан муттаҳам мешаванд.

Шӯҳрат Қудратов гуфт, дар рӯзи аввали муҳокима 4 тан аз онҳое ки ҳамчун ҷабрдидаҳо мегузаранд, низ ба додгоҳ даъват шуданд. Ӯ афзуд, Зайд Саидов ҳамаи 8 иттиҳоми алайҳаш эълоншударо дар рӯзи аввали додгоҳ радд кард ва гуфт, худро аслан гунаҳкор намешуморад.


Ташхиси ДНК ва эҳтимолияти "падарӣ"-и Зайд Саидов

Нуқтаи дигари ҷолибе, ки Шӯҳрат Қудратов ба хабарнигорон аз рӯзи аввали мурофиа қисса кард, натиҷаҳои ташхиси ДНК будааст. Ҳангоми муаррифии натиҷаҳои ин ташхис дар додгоҳ гуфтаанд, ки ташхис дар яке аз клиникаҳои Маскав анҷом шуда, хулосааш ба эҳтимолияти падари кӯдаки зани даъвогаре, ки мегӯяд, Зайд Саидов дар замони ноболиғиаш ба номуси ӯ таҷовуз кардаву се дафъа ба исқоти ҳамл маҷбураш кардааст, таъкид мекунад. Вале вакилони мудофеъи Саидов мегӯянд, ба сиҳҳати ин ташхис эътимод надоранд.

Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, қозии парванда дархости онҳо барои бардоштани мӯҳри махфии парвандаҳои Зайд Саидовро радд карда, вале иҷозат додааст, ки аз рӯзи ҷумъа дар ҷараёни муҳокима ду тан аз пайвандони ӯ ҳам ширкат кунанд. Ба ақидаи вакили ЗайдСаидов, аз рӯзи аввали мурофиа эҳсос мешавад, ки бархӯрди додрас ба қазия хеле яктарафа аст ва ӯ ваҷҳҳои овардани вакилони мудофеъи Саидовро нодида мегирад.

14-10: Вакилони мудофеъ аз дохили боздоштгоҳ берун омаданд. Дар ин лаҳзаҳо Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидов бо хабарнигорон дар бораи рӯзи аввали мурофиа сӯҳбат дорад.

12-50: Хабарнигори Озодӣ аввалин навори видеоӣ аз назди даромадгоҳи боздоштгоҳи Кумитаи амниятро ирсол кард. Ин навор ҳанӯз қабл аз дохили боздоштгоҳ рафтани вакилони мудофеъи Зайд Саидов ва берун кардани пайвандони ӯ аз назди дарвозаи боздоштгоҳ сабт шудааст.


Оғози додгоҳи Зайд Саидов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

12-00: Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, дар беруни дари боздоштгоҳи Кумитаи амният тақрибан 20-25 нафар аз наздикони Зайд Саидов ҷамъ шудаанд. Вале маъмурони амниятӣ, ки ба гуфтаи хабарнигори Озодӣ, атрофи боздоштгоҳро печонидаанд, хешовандони Зайд Саидов ва хабарнигоронро амр кардаанд, ки ба дари боздоштгоҳ наздик нашаванд ва онҳо тақрибан 100 метр дуртар аз дарвоза ҷамъ шудаанд.

11-50: Яке аз пайвандони соҳибкори боздоштшуда ба Озодӣ гуфт, вакилони ӯ бо онки ду соат пеш дохили боздоштгоҳ рафтанд, то ҳол берун наомадаанд ва ин зоҳиран аз он дарак медиҳад, ки муҳокима шурӯъ шудааст ва идома дорад. Пайвандони Зайд Саидов ва хабарнигороне, ки дар беруни дари боздоштгоҳи Кумитаи амният мондаанд, мунтазиранд, ки бо расидани пешин додгоҳ дар кораш танаффус эълон кунад ва онҳо битавонанд аз вакилони мудофеъ ё масъулони додгоҳ хабаре ба даст биоранд.

11-30: Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, аз дохили мурофиа то ҳол хабаре дастрас нашудааст. Пайвандони Зайд Саидов низ аз ҷараёни додгоҳ изҳори бехабарӣ мекунанд.Қарор буд, мурофиаи ин соҳибкори маъруф имрӯз, 12 сентябр, соати 10-00 дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шурӯъ шавад.

10-15: Пайвандони Зайд Саидов мегӯянд, аз инки додгоҳ оғоз ёфт ё на, ҳанӯз хабар надоранд. Ба гуфтаи онҳо, ҳеҷ кадомашон ба ин мурофиа даъвати расмӣ нагирифтаанд ва зоҳиран додгоҳ дар боздоштгоҳи кумитаи амният бидуни ҳузури хешовандон барпо хоҳад шуд. Ба гуфтаи яке аз хешовандон, вакилони Саидов бояд имрӯз дар назди қозии парванда масъалаи ширкати чанд нафар ба намояндагӣ аз хешовандони ӯро низ матраҳ кунанд, вале инки муваффақ хоҳанд шуд ё на, ҳанӯз маълум нест. Мақомоти тафтишотӣ ҳанӯз дар марҳалаи ирсоли парвандаҳои Зайд Саидов ба додгоҳ ба ин парвандаҳо мӯҳри махфӣ заданд ва Додгоҳи олӣ низ эълон кард, ки ба ин далел мурофиаи соҳибкори маъруф дар боздоштгоҳ пушти дарҳои баста хоҳад гузашт.



9-45: Хабарнигорони Озодӣ, ки аз субҳ дар назди дарвозаи боздоштгоҳи Кумитаи амният қарор доранд, хабар доданд, ки наздикии соати 10-00 вакилони мудофеъи Зайд Саидов дохили боздоштгоҳ рафтанд. Дар беруни дарвоза, ба гуфтаи хабарнигорони мо, танҳо ҷамъе аз фарзандон ва наздикони соҳибкори боздоштшуда мунтазир мондаанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон Шавкат Абулхайровро қозии парвандаи ин соҳибкори маьруф ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон таъйин кардааст. Тибқи гузоришҳои қаблӣ, қарор буд, мурофиаи Зайд Саидов пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури хабарнигорон дар боздоштгоҳи Кумитаи амният соати 10-00 шурӯъ шавад.

9-30: Яке аз вакилони дифоъи Зайд Саидов рӯзи 12 сентябр қабл аз шурӯъи додгоҳи ӯ дар назди дарвозаи боздоштгоҳи Кумитаи амният ба Озодӣ гуфт, "мақомоти тафтишотӣ озмоиши ДНК -и зерҳимояаашро бидуни ширкати онҳо анҷом додаанд."


Исҳоқ Табаров қабл аз вуруд ба додгоҳи Зайд Саидов
Исҳоқ Табаров қабл аз вуруд ба додгоҳи Зайд Саидов
Исҳоқ Табаров гуфт, ки "ин кор аз сӯи мақомоти тафтишот ва бидуни ширкати вакилони дифоъ анҷом шудааст, ки амали ғайриқонунӣ аст." Ба гуфтаи ҷаноби Табаров, ҳанӯз вакилони дифоъи Зайд Саидов аз натоиҷи ташхиси ДНК хабаре надоранд ва қарор аст, имруз бо ин натиҷаҳо ошно шаванд. Вакили дифоъ афзуд, "ҳарчанд мақомоти тафтишот алайҳи зерҳимояи мо 8 иттиҳом эълон кардааст, аммо мо далели кофӣ дар даст дорем, ки онҳоро бесос хонем."

9-15: Ха
барнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, боздоштгоҳ тавассути кормандони амниятӣ, пулис ва кормандони вазорати адлия иҳота шудааст, ки хабарнигоронро аз бардоштани аксу навор манъ мекунанд. Ин нерӯҳо хабарнигорону пайвандони Зайд Саидовро аз назди бинои боздоштгоҳ дур карданд. Вале тақрибан 15 тан аз пайвандони Зайд Саидов, ки дуртар аз бинои боздоштгоҳи муваққати ҚДАМ ҷамъ омаданд, бо вуҷуди "махфӣ" эълон шудани парвандаҳои ӯву пушти дарҳои баста гузаштани муҳокимааш ҳам умедворанд, ки додгоҳ иҷозаи вуруд ба толори мурофиаро барои онҳо хоҳад дод.

Таҳаввулоти рӯзи 11 сентябр

Шӯҳрат Қудратов
, яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидов, рӯзи 11 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “Зайд Шеровичро дар ҳоли ҳозир дар 10 мавриди ҷиноят бар асоси 8 моддаи Қонуни ҷиноӣ айбдор мекунанд, аммо ҳаммааш дурӯғу тӯҳмат аст ва барои ягон иттиҳоми эълонкардаашон асос надоранд.”

Ш.Қудратов: Тамоми далелҳои шайъиву ғайришайъиро дорем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00
Линки мустақим


Шӯҳрат Қудратов гуфт, ҷониби дифоъ ба навбаи худ далоили кофии “шайъиву ғайришайъӣ” ҷамъ овардааст, ки барои исбот кардани бегуноҳии Зайд Саидов ба додгоҳ пешниҳод мекунад.

Мақомот бар зидди Зайд Саидов бар асоси 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд.


Милопар Бандишоев
Милопар Бандишоев
Милопар Бандишоев, муовини раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ниҳоде ки таҳқиқи ҳамаи ин парвандаҳо, ба истиснои парвандаи бисёрзаниро анҷом додааст, рӯзи 11 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи олӣ танҳо ба муҳокимаи парвандаҳое шурӯъ мекунад, ки тафтишаш алакай анҷом ёфтааст. Бандишоев гуфт, "он чӣ ба додситонӣ ирсол шудааст, қисмати аввали парвандаи ӯст ваОжонси зиддифасод, дар айни ҳол, таҳқиқи мавридҳову парвандаҳои дигари марбут ба Зайд Саидов, аз ҷумла қазияҳои марбут ба фаъолиятҳои тиҷории ӯву наздиконашро идома хоҳад дод."

Милопар Бандишоев гуфт, аз ҷумла тафтиши парвандаҳои марбут ба андозу изофанависӣ алайҳи Саидов ва ширкатҳои ӯву наздиконаш идома хоҳад ёфт. Ӯ афзуд, фаъолиятҳои ширкатҳои Зайд Саидов то ба ҳол пурра тафтиш нашудаанд ва аз рӯи маводи такмилношуда ҷиноятҳои молиявии ӯ аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тасарруфи амволи ғайр (моддаи 245) ва пинҳон намудани андоз (моддаи 292) мавриди санҷиш қарор доранд.

Зайд Саидов бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев. Соли 2008
Зайд Саидов бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев. Соли 2008
Кумитаи андоз дар моҳи июл эълон кард, ки танҳо “Тоҷсохтмон байналмилал” аз соли 2009 ба ин сӯ ба маблағи 15,8 миллион сомонӣ, ё беш аз 3,2 миллион доллар, андози камтар супурдааст. Ба дунбол Ожонси зиддифасод ин ширкату шарикони тиҷориашро ба изофанависӣ ба маблағи 38 миллион сомонӣ, ё қариб 8 миллион доллар дар ҷараёни сохтани “Душанбе-Плаза” айбдор кард.

Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасод дар поёни ҳамон моҳи июл боз ҳам фаротар рафт ва гуфт, Зайд Саидов дар солҳои вазириаш 15 иншоотро ба маблағи умумии 72 миллион сомонӣ, ё 15 миллион доллар, хусусӣ гардонда, барои мусоидат дар амри дарёфти муҷаввизи истихроҷи маъдан аз кони тилои Чоре дар ноҳияи Айнӣ аз соҳибкори қазоқ Сериқбол Окушев дар ду навбат 1,5 миллион доллар пора талаб кардааст.


Сериқбол Окушев
Сериқбол Окушев
Гуфта мешавад, асноди марбут ба ин конро дастикам 8 вазири собиқу фаъоли ҳукумати Тоҷикистон имзо кардаанд ва имрӯз як далели пушти дарҳои баста доир кардани додгоҳи Зайд Саидов омадани исми мансабдорони баландпояе, чун Гул Шералӣ, вазири саноат, Ғулом Бобозода, вазири вақти иқтисод, Бахтиёр Худоёров, вазири пешини адлия, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия, Абдураҳмон Қодирӣ, вазири собиқи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, Давлатшоҳ Гулмаҳмадов, сарвари Агентии заминсозӣ, Мурод Ҷумъаев, сарвари Саридораи бехатарии кор дар соҳаи саноат, Азим Иброҳим, сарвари Саридораи геология, ҷамъ 8 соҳибмансаби тоҷик даряке аз парвандаҳои алайҳи ӯст. Ожонси зиддифасод ҳамин тавр, Зайд Саидовро ба гирифтани корхонаи “Тоҷикатлас” аз Низомхон Ҷӯраев ба ҳайси ришва ва 1 миллион доллар гирифтан аз як шаҳрванди Украина айбдор мекунад.

Худи Зайд Саидов низ тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, чандин бор гуфтааст, ки ин ҳама таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сирф сиёсӣ дорад ва бармегардад ба азми ӯ барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав.

Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ ҳамин тавр, аз соли 2001 то оғози соли 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт ва ширкатҳояш дар соҳоте, чун саноати мармар, ҷавоҳирот ва сохтмони манзилҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон пешгом буданд. Соли 2012 ӯ дар чанд озмун “Соҳибкори сол” эълон ва раиси Шӯрои анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон интихоб шуд.


“Душанбе- Плаза”
“Душанбе- Плаза”
Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз таъсиси як гурӯҳи ташаббускор барои сохтани ҳизби нав хабар дод. Аммо рӯзи 11 май, вақте ӯ ба ҳайси раиси Федеросиюни тенниси рӯи мизи Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати варзишкорон дар Фаронса дар мусофират қарор дошт, маъмурони додситонии шаҳри Душанбе манзилҳои ӯву наздиконашро мавриди ҷустуҷӯ қарор дода, эълон карданд, ки алайҳи Саидов бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда кушодаанд. Ҳамон рӯз Ожонси зиддифасод низ эълон кард, ки алайҳи масъулони ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал”, ки ба Зайд Саидов марбут дониста мешавад, бо иттиҳоми изофанависӣ дар ҷараёни сохтмони бинои 22-қабатаи “Душанбе- Плаза” – баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон – парванда боз кардааст. Рӯзе баъд аъзои Шӯрои анҷуманҳои соҳибкоронин ниҳодро барҳам дода, амалан ӯро аз мақоми раёсати ин Шӯро маҳрум карданд.

Зайд Саидов иттиҳомоти алайҳаш эълонкардаи мақомотро радд карда, гуфт, барои собит кардани бегуноҳиаш ба Душанбе бармегардад. Аммо рӯзи 19 май, баробари бозгашт дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Маҷлиси шаҳри Душанбе танҳо рӯзи 20 май дахлнопазирии ӯ ба унвони вакили ин маҷлисро лағв кард. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба дунбол Саидовро барои ду моҳ ба ҳабс гирифта, рӯзи 20 июл замони ҳабси пешакии ӯро то ду моҳи дигар, яъне то 22 сентябр тамдид кард.

Боздошти Зайд Саидов як мавҷи то ҳол барои Тоҷикистон бесобиқаи эътирозҳои ҷомиаи шаҳрвандиро ба дунбол дошт. Алакай рӯзи 26 май дар ҳайъати Эътилоф барои демократия, ки баъдан ба Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ табдили ном кард, Кумитаи алоҳидаи дифоъ аз Зайд Саидов ба раҳбарии муовини ӯ дар ҳизби Тоҷикистони нав Маҳмудҷон Қосимов ташкил ёфт. Н


Номаи Зайд Саидов ба Эмомалӣ Раҳмон
Номаи Зайд Саидов ба Эмомалӣ Раҳмон
Намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои шаҳрвандӣ ва шахсиятҳои саршинос чанд дафъа бо номаҳои дастаҷамъӣ ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомиаи байналмилалӣ муроҷиат карда, боздошти Саидовро як қазияи сиёсӣ ва дар соли интихоботи раёсатҷумҳуриаш бар зиёни обрӯи Тоҷикистон унвон карданд. Худи Зайд Саидов низ дар як номаи саркушода ба раисиҷумҳур аз боздошт бори дигар ба бегуноҳиаш исрор варзид ва хост, ки ӯро раҳо кунанд. Вале мақомот мегӯянд, ки ҳеҷ кадоме аз ин номаҳо ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ворид ва расман сабти ном нашудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ё маъмурони давлаташ ба онҳо вокунише нишон диҳанд.

Дар поёни моҳи август дар рӯзи садуми боздошти соҳибкор ҷамъе аз тарафдорони Зайд Саидов бо талаби раҳоии ӯ дар боми маркази тиҷории “Пойтахт”, воқеъ дар канори варзишгоҳи “Спартак” як флешмоб( эътирози кӯтоҳ) ташкил карда, ба нишони ҳамраъйӣ бо ӯ ба ҳаво 100 кабӯтар ва 100 пуфак сар доданд. Мақомот ба дунбол Маҳмудҷон Қосимов, муовини Саидов дар Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ва раиси Кумитаи дифоъ аз Зайд Саидов, ва 4 фарзанди ӯ – Хайрулло, Хуршед ва Хусрав Саидовҳо ва Муҳаммадиқболи Зайдро бо ҷурми “майдаавбошӣ” ва “халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ” 5-рӯзӣ маҳкум ба ҳабс карданд.


Флешмоби тарафдорони Зайд Саидов
Флешмоби тарафдорони Зайд Саидов
Дар маҳофили Тоҷикистон мегӯянд, акнун ки кор то ба ин ҳадд расидааст, маҳкум ё озод шудани Зайд Саидов на ба муқаррароти қонуну ҳунар ва тавони вакилони ӯ ваё иродаи қозӣ, балки ба иродаи раҳбарони сиёсии раддаи аввали кишвар марбут мешавад.

Агар дар ин раддаҳо тасмим ин бишавад, ки зарурате барои боз ҳам тезутундтар кардани вазъи кишвар дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳуриаш нест, шояд Зайд Саидовро ҳатто аз толори мурофиа, барои мисол, дар ивази ҷаримаҳои ҳангуфт ва мусодираи тиҷоратҳои “равғанӣ”-аш раҳо кунанд ва бо ин барои номзади ҳизби ҳоким дар интихоботи моҳи ноябр холи бештаре ҳам биоранд. Вале ба гуфтаи нозирони умур, агар марказҳои қабули қарор дар Душанбе бар ин хулоса бирасанд, ки ҳукми зиндони ӯ ба натиҷаҳои интихобот таъсире нахоҳад дошт, Саидовро зоҳиран барои муҳлати тӯлоние пушти панҷара хоҳанд шинонд.
XS
SM
MD
LG