Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази касбомӯзӣ барои маъюбон


Амина Ҳакимова, аз зумраи он ҷавонони маъюб аст, ки як моҳ боз дар маркази “Таълиму касбомӯзии наврасони имконияташон маҳдуди”-и ноҳияи Восеъ касби дузандагӣ омӯхтааст. Вай мегӯяд, аз кӯдакӣ ба омӯхтани гулдузӣ дилбастагӣ дошт, вале пойи маъюб монеъи амалӣ гардидани ин орзуяш гашта буд. Зеро, ба гуфтаи вай, то соли гузашта дар ноҳияи Восеъ чунин марказ вуҷуд надошт ва ӯ наметавонист барои таҳсил аз ҳудуди ноҳия дур биравад. Амина мегӯяд, дар ҳоле ки хонанишинии тӯлонӣ дилгираш намуда буд, ба ҷону дил ба омӯхтани касб дода шудааст.

Дар ин марказ ба мисли Амина беш аз 20 писару духтари маъюб ба касбомӯзӣ ҷалб шудааст. Майрамбӣ Орифова, директори маркази
мазкур мегӯяд, кормандони онҳо талош мекунанд, то ҷавонони маъюбро вобаста ба имконияташон касб омӯзанд. Хонум Майрамбӣ мегӯяд, ҷавонони солим метавонанд дар Русия ё ҷои дигар касбу кор омӯзанд, вале ҷавононе, ки дар ин марказ ҷамъ омадаанд, имконияти ба ҷои дур сафар намудан надоранд. Ба гуфтаи ӯ, аксаран дар ин марказ писарон сартарошиву пояфзолдӯзӣ ва духтарон дузандагию хӯрокпазӣ меомузанд.

Муқаддас, муаллимаи ин марказ мегӯяд, аз касбомӯзии шогирдонаш қаноатманд аст, ҳарчанд, омӯзонидани онҳо мушкил аст.

Раҷабалӣ Чуянов, ки дар ин марказ ҷавононро пойяфзолдӯзӣ меомӯзонад, мегӯяд, дар сурати соҳибкасб шудан онҳо ҳаргиз бекор нахоҳанд монд. Вай мегӯяд, ҳарчанд корхонаҳои пойафзолдӯзӣ фаъолият накунанд ҳам, дар ҷомеа ба пойафзолдӯзон эҳтиёҷ зиёд аст.

Феълан, дар ин марказ ба ҷуз касбомӯзии ҷавонони маъюб, инчунин 50 нафар кӯдакони ноқисулақл таълиму табобат мегиранд. Маркази “Таълиму касбомӯзии наврасони имконияташон маҳдуд” дар ноҳияи Восеъ соле қабл бо кӯмаки созмонҳои мададрасон ташкил шуда буд.
XS
SM
MD
LG