Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле ки Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, аз тазоҳуроти ҷавонони фаъол аз матбуот хабар ёфтааст, аксар нозирон тааҷҷуб мекунанд, ки чӣ тавр даҳҳо ҷавон метавонанд чанд рӯз пайиҳам дар кишвари манъкунандаи раҳпаймоиҳо даст ба эътироз заданд. Дар гузашта агар ингуна эътирозҳо аксар вақт хомӯшона ҷараён мегирифт, ҳоло ин ҷавонон ба ҳамла гузашта, дар баробари оташ задани акси раҳбарони мухолифон, ба сангандозию тухмпартоии хешовандони мухолифон даст мезананд.

Раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов аз ташаббуси ҷавонҳо ҳимоят кард ва инро "як ҷараёни демократӣ" номид. Муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов гуфт, ки ин амали онҳо нигаронкунанда аст.

Дар зеҳни бисёриҳо ин савол ҳам халқ шудааст, чӣ тавр дар кишваре, ки тамоми ҳаракатҳои созмону ташаккулҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ зери назорат аст, панҷ рӯз пайиҳам аз 60 то 100 ҷавон бо автобусҳо омада, дар даст шиору овезаҳо эътироз мекунанд ва баъди ин чанд нафар интихобан ба мошини пулис бор карда шуда ба макони номаълуме интиқол меёбанд. То ҳол касе нашунидааст, ки нафаре аз онҳо барои иштирок дар намоиши эътирозии бидуни иҷозат муҷозот шуда бошад.

Саволи дигар ин аст, ки магар аз таҳсил дар канор мондани ин ҷавонҳо масъулони маорифро нигарон намекунад? Мақомоти давлатӣ ҳамеша таъкид мекунанд, ки ба ин эътирозҳо иртибот надоранд ва ин ҷавонҳо бо хости худ ба хиёбон баромаданд. Як мақоми баландпоя дар ҳукумати Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ 23 сентябр, рӯзе, ки эътирози аввал ва сангандозӣ болои дафтари САҲА дар Душанбе сурат гирифт, гуфта буд, ки "Дар ин ҳамоишҳо ҳукумат даст надорад. Ҷавонҳо бо хост ва ташаббуси худ ба эътироз баромаданд. Онҳо ҷавонони огоҳ ҳастанд ва аз таҳаввулоти кишвар ва хориҷи он хабар доранд".

Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов

Раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов аз ташаббуси ҷавонҳо ҳимоят кард ва инро "як ҷараёни демократӣ" номид. Аммо муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов амали ҷавононро хилоф бо қонун донист ва гуфт, ки ин амали онҳо нигаронкунанда аст.

Дар ҳоле ки гурӯҳҳои эътирозгар амали худро баёнгари мавқеи аксар аъзои ҷомеаи Тоҷикистон меноманд, назари тоҷикистониҳои оддӣ то ҳол омӯхта нашудааст. Як соҳибкори сокини Душанбе дар мукотибаи фейсбукӣ рӯзи 28 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, назараш ба ин ҳодиса "шадидан манфӣ аст, чунки рафтори ҷавонҳо ғайриахлоқӣ аст". Сафармад, як сокини дигари Тоҷикистон дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз рӯи одамгарӣ нест, ки паси дари хонаи як кас равиву сангборон кунӣ. Мо кор надорем, ки дар пушти онҳо кӣ истодааст, вале хубтар мешавад, ки чунин корҳоро накунанд."

Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев, як коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, шахсан худи ӯ ҳеҷ гоҳ тарафдори ҳизби наҳзати исломӣ ва идеологияи ин ҳизб набуд ва посухи ҷавонҳои фаъол ба ҳузури аъзои ин ҳизб дар нишасти САҲА дар Варшаваро "як технологияи қабулшудаи" вокуниш ба аъмоли мухолифон номид. Вай гуфт, эътироз ба амали сиёсии нохушоянд як чизи оддӣ аст, вале ӯ аз шева ё тарзи баргузории ин эътироз интиқод кард ва онро берун аз "одоби сиёсиву ахлоқӣ" номид.

Вай дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ​"охирин коре, ки карданд, яъне тухмпартоӣ ба сӯи ҳамсари узви мухолифин, таҳдиду тарс додани оила аз ҳад зиёд аст ва аз чаҳорчӯби муборизаҳои сиёсӣ берун меравад. Ман инро ҳамчун оғози фашизм дар кишвар сифат додам. Агар ҷомеа инро ҳам хомӯш қабул кунаду чизе нагӯяд, оқибаташ маълум нест чӣ мешавад. Солҳои 1930 дар Олмон низ мардум хомӯш буданд". Зафар Абуллоев мегӯяд, ин гурӯҳҳоро созмонҳои ҷавонии рӯ ба ҳукумат ташкил кардаанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ аз зери назорат хориҷ намешаванд.

Баъзе коршиносон рӯйдодҳои Тоҷикистонро бо ҳамлаҳои гурӯҳҳои нажодпараст дар Русия муқоиса карданд, ки дар ҳодисаҳои зиёди миёнаҳои солҳои 2000-ум гурӯҳ-гурӯҳ ба хиёбонҳо рехта, ба афроди ба истилоҳ ғайрирус ва муҳоҷирони корӣ ҳамлаҳо анҷом медоданд, бархеро латту кӯб ва ҳатто ба қатл мерасониданд. Дар ҳоле ки пулис бонги изтироби гурӯҳҳои ҳуқуқи башарро намешунид, додгоҳ танҳо дар ҳодисаҳои ҷудогона ҳамлагаронро ба ҷавобгарӣ ҷалб ва барояшон аз рӯи моддаи сабуке мисли "авбошӣ" муҷозот таъйин мекард.

Як коршиноси амниятӣ дар Русия мегӯяд, гурӯҳҳои нажодпараст ҳамеша таҳти назорати сохторҳои амниятӣ амал мекунанд. Андрей Зубов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аксари гурӯҳҳои нажодпараст муддате таҳти назорат буданд. Вале баъдан бахше аз онҳо аз назорат берун шуданд. Ин чиз ба таври возеҳ баъди ғасби нимҷазираи Қрим ба чашм расид, вақте як бахши миллатгароҳо ба ҳимояи Владимир Путин хестанду дигарҳо мухолифи ӯ ва ҷангу хушунат садо баланд карданд."

Коршиносони дигари рус мегӯянд, замоне ки нажодпарастон дигар марзи ҳамлаву кушторро фарох карда, ба латту кӯб ва куштори шаҳрвандони кишвари худ даст заданд, мақомот ҳам дигар фаҳмиданд, ки кор аз кор гузаштааст.

Аксар таҳлилгарон мегӯянд, дар сурати ташкил ва танзимшуда будани амалҳои гурӯҳи ҷавонон, ин маъракаҳо ба ташаккули фикрии насли ояндаи Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад. Таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров мегӯяд, "ин эътирозҳо нишонаи он аст, ки ҳукумат таҳаммули фикри ғайрро надорад, бахусус фикри мухолифони сиёсиашро. Вале ба иловаи ин, тафаккури ҷавонҳои ширкатдори ин ҳамоишҳо ҳам латма мебинад, чунки дар онҳо эҳсосе пайдо мешавад, ки метавонанд ҳама гуна фикри мухолифро бо роҳи зӯрӣ пахш кунанд. Онҳо ҳам дигар таҳаммули фикри ғайрро аз даст медиҳанд."

Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров

Эътирозҳои пай дар пай дар Душанбе ҳафтаи гузашта дар назди дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, манзили Саид Абдулоҳи Нурӣ, Саидумар Ҳусайнӣ ва Раҳматуллои Раҷаб - аз раҳбарони собиқ ва зиндонии ҳизби наҳзати исломӣ - баъди он шурӯъ шуд, ки гурӯҳе аз мухолифони давлати Тоҷикистон дар хориҷ дар нишасти солонаи САҲА дар шаҳри Варшава ширкат карда ва ҳукумати Тоҷикистонро ба нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам намуданд.

Баъди ҳузури мухолифон дар нишасти ченакҳои инсонӣ дар пойтахти Лаҳистон ҳайати Тоҷикистон нишасти мазкурро тарк кард. Ҳайати Тоҷикистон тарафдорони мухолифони давлат дар хориҷро “террорист” номида ва гуфт, ки онҳо набояд ҳаққи иштирок дар нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро дошта бошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG