Пайвандҳои дастрасӣ

Партовбӣ кӯдаконашро партофту рафт (ВИДЕО)


Розиямо Боронова ва кӯдакони Партавбӣ Боронова.

Розиямо Боронова ва кӯдакони Партавбӣ Боронова.

Партовбӣ Боронова дар васиятномааш аз наздикони худ хостааст, қарзҳояшро пардозанд ва кӯдаконашро хуб тарбия кунанд. Вай ҳарфе дар бораи шавҳараш нанавиштааст.

Партовбӣ Боронова, як сокини 26-солаи шаҳри Сарбанд, ки ду кӯдакашро дар дар як манзили давлатӣ бузург мекард ва ба қарз ғӯтида буд, нимирӯзии 16-уми май дар ивази телефони мобилаш аз истгоҳи маводи сӯхт бензин гирифта, худро дар пеши чашми ду фарзанди ноболиғаш оташ задааст. Аз забонаҳои оташ аксари кулли пӯсти бадани ӯ сӯхта, Партовбӣ дар бемористони шаҳри Сарбанд ҷон дод.

Модар ва наздикони ӯ мегӯяд, ки Партовбӣ фарзандони хурдсолашро, ки "мисли чӯҷа модарашонро суроғ мекунанд", танҳо гузошта, худро аз фақру нодорӣ раҳо кардааст. Ин зан пеш аз худкушӣ васиятномаеро барои модар ва бародаронаш гузоштааст.

Розиямо Боронова, модари Партовбӣ рӯзи 18 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мактуби навиштаи духтараш васият шудааст, ки наздиконаш қарзҳояшро баргардонанд ва фарзандонашро парасторӣ кунанд, то дар оянда "мисли модарашон хор нашаванд".

“Милисаҳо ин мактубро бо худ гирифтаанд, вале ман онро хондам, ки навиштааст, "модарҷон ман қарздорам, қарзҳоямро диҳед ва духтаронамро хуб нигоҳ кунед", дигар чизе намедонам, ки барои чӣ худашро кушт. Чанд рӯз пеш аз худкушӣ карданаш маро даъват кард, аммо мисли пешина набуд, рӯзи худкушӣ карданаш ман дар хонаи писарам будаам, вале маро гуфтанд, ки биёед, ки духтаратон худкушӣ кардааст,” – гуфт Розиямо Боронова.

Партовбӣ дар номаи вопасинаш нагуфтаст, ки аз кӣ ва чӣ қадар қарздор аст. Ӯ бештар зорӣ кардаст, ки фарзандонашро нигоҳубин кунанд.

Розиямо Боронова мегӯяд, ки Партовбӣ 7-сол пеш бо Владислав Жучков, як марди рустабор, ки исломро пазируфта буд, издивоҷ кард. Ин мард баъди таваллуди духтари дуввумаш ба муҳоҷирати корӣ рафт ва дигар аз ӯ хатту хабар нашуд. Розиямо мегӯяд, ки набераи калонияш Алина 7 сол ва хурдияш 5-сола буда, ҳарду шоҳиди ҳалокати модар шудаанд.

Ин модари ғамзада мегӯяд, ки баъд аз он ки духтараш аз кор дар корхонаи хишти Сарбанд маҳрум гашт, зиндагиаш сангин шуд. Розиямо Боронова мегӯяд, талошҳои Партовбӣ барои ёфтани ҳамсараш Владислав Жучков ҳам ба воситаи муҳоҷирони дигар ва ҳам тавассути шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" натиҷа надод. Ҳоло низ ин хонавода намедонад, ки ӯро аз марги ҳамсараш чӣ тавр хабардор кунанд.

“Духтарам рози дилашро ба ман намегуфт, вале медонистам, ки азоб мекашид, чун дар хонаи давлатӣ буд ва қарзи обро намедод ва борҳо аз ин хона ӯро пеш карданд ва ӯ моҳҳо дар хонаҳои бародаронаш буд, чун хонаи давлатӣ буд ва қарздор мешуд, дар хонааш рӯзи худкушияш об набуд, вале баъд обро додаанд,” -- гуфт модари Партавбӣ.

Ба иттилои ҳукумати шаҳри Сарбанд, ин аввалин худкушӣ дар соли 2015 аст, ки сабабаш ноуствории оила унвон мешавад. Ҷаъфар Боронов, бародари бузурги Партавбӣ мегӯяд, ки хоҳарашро мушкилиҳои зиндагӣ, қарздорӣ ва бехонагӣ ба худкушӣ расонд.

Муҳаммадовуд Бузмаков, сардори корхонаи обу корези шаҳри Сарбанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Партовбӣ Боронова аз ин идора қарздор буд, пули обро намедод. “Мо ӯро аз хона нарондаем, вале чун ба деҳот рафт, тибқи қонун хонаи давлатиро дарашро баста мондем,” -- мегӯяд Муҳаммаддовуд Бузмаков.

Созмонҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки бахши умдаи худкушиҳо дар вилояти Хатлон дар заминаи мушкилоти иқтисодӣ ва равонӣ ва хушунати хонаводагӣ рух медиҳад. Раёсати корҳои дохилии вилоят аз гуфтани омори дақиқи мавридҳои худкушӣ дар Хатлон, бо ин тавҷеҳ, ки пахши ин иттилоъ дар салоҳияти онҳо нест, худдорӣ кард. Идораи кор бо занон ва оилаи ин вилоят низ аз омори худкушиҳо изҳори бехабарӣ намуд.

Бино бар омори расмӣ, то охирҳои соли 2014 ва се моҳи аввали 2015 танҳо дар як ноҳияи Қубодиён 14 нафар даст ба худкушӣ зада аз ин теъдод танҳо чаҳор нафар ҷон ба саломат бурдаанд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон, бино ба оморҳо, беш аз 400 зан ба ҷони худ қасд мекунанд. Вилояти Суғд аз нигоҳи худкушии занҳо дар кишвар дар ҷои аввал аст ва танҳо дар соли 2014 дар ин вилоят 125 зан ба ҷони худ қасд кардаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари онҳое ки қасди худкушӣ мекунанд, ҷавонанд, вале зери бори гарони мушкилоти зиндагӣ ва ҷанҷолҳои хонаводагӣ илоҷе ба ҷуз буридани риштаи умрашон барои худ намеёбанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG