Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нависандаи 16-сола "Достони марди Худо"-ро нашр кард


Фараҳнӯш Давлатова, нависандаи 16-сола

Фараҳнӯш Давлатова, нависандаи 16-сола

Навраси 16-сола дар бораи бобояш китобе навишт, то андӯҳи худро аз даргузашти ӯ баён ва лаҳзаҳои нотакрори сӯҳбатҳои бобо ва наберарро умри ҷовид бахшад.

“Достони марди Худо” -- китоби аввалини навраси 16-солаи тоҷик Фараҳнӯш Давлатова, аст, ки ӯ дар он аз зиндагиномаи бобояш, Мустафо Давлатов, қисса кардааст. Мустафо Давлатов соҳибкори тоҷик, раҳбари кулли фабрикаи “Ширин” моҳи сентябри соли гузашта аз дунё гузашт. Фараҳнӯш, мегӯяд, даргузашти бобо, ки дӯст ва илҳомбахшу идеали ӯ дар зиндагӣ буд, барояш бохти бузург буд ва ӯ тасмим гирифт, ки муҳаббати худро дар як китоб бозгӯ кунад.

Фараҳнӯш дар ин китоб, хотираҳои ширини худро ва порчаҳои ёддошти дӯстони бобояшро гирд овардааст ва мегӯяд, китобро бо ҳадафи поси хотири бобо, муаррифии ӯ ба ҷомеа ва таскини дили хеш эҷод кардааст. “Бобоҷонам шахсияташ пурҷозиба буд. Бесаводиро айб медонист ва ҳамаи моро ба омӯзиш тарғиб мекард. Калимаҳои зиштро ҳаргиз ба забон намеовард ва касе аз ӯ чунин чизе ёд надорад. Вай метавонист барои ҳар кас чанд шахсият бошад. Бобо, падар, бародар, дӯст, раҳбар,”- мегӯяд, Фараҳнӯш.

Китоби Фараҳнӯш аз сӯи Шоираи Раҳимҷон, шоири ҷавони тоҷик, таҳрир шудааст. “Достони марди Худо” бо пешгуфтори кӯтоҳи Ортиқ Қодир дар бораи Фараҳнӯш шурӯъ мешавад. Ортиқи Қодир, мегӯяд, иқдоми Фараҳнӯш, ки дар ин син тавонистааст, эҳсосу дарди худро рӯйи қоғаз биёрад, намуна ва сабақи хубе хоҳад буд барои барои ҳамсолони дигараш: “Дар чанд соли истиқлолият, мебинам муҳит барои арзи ҳастӣ кардани шахсиятҳое, мисли Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода ва Бозору Гулрухсор чандон созгор нест. Ва кори ин духтарак, ки як воқеа ва ҳолат маҷбурашон кард, қалам ба даст гирад падидаи хубест. Барои ин бояд муҳит созгор бошад. Тавре ин духтарак дар хотираҳош сабт кардааст, раҳматии бобояш бисёр талқин мекард, ки онҳо хонанд аз олами илму маърифат бохабар бошанд ва ҳамин хел муҳит эҷод кунад.”

Ортиқ Қодир мегӯяд, имрӯз афроди сарватманд, кам нестанд, аммо меафзояд, на ҳама метавонанд фарзандони худро дуруст тарбия кунанд. Ба гуфтаи Ортиқ Қодир, хонаводаҳои доро фарзандони худро бештар дар дигар самт, дур аз адабиёту фарҳанг тарбия мекунанд ва “фарзандони бархе ҳатто одобу ахлоқашон костааст ва ба ҷамъият зарар мерасонанд. Барои онҳо ҳамин зиндагиномаи Мустафо аз нигоҳи наберааш беҳтарин сабақ аст. Онҳое, ки имкониятҳои хуби модӣ доранд, фарзандони худро бояд дар роҳи ифтихори миллӣ ва маърифату одоб тарбия кунанд.”

Фараҳнӯш, намедонад ки дар таълифи ин китобаш чӣ қадар маблағ сарф шудааст, аммо мегӯяд, дар тамоми ҷараёни нашру бандубасти он худаш ширкат кардааст ва сар карда аз ороиши рӯйи китоб то интихоби номи он, идеяи худи вай аст. Фараҳнӯш мегӯяд, акнун аз тамоми душвориҳову заҳматҳое, ки нависанда барои нашри як китоб пушти сар мекунад, огоҳ аст. Ин нависандаи наврас мегӯяд, таҷрибаи аввал барояш осон набуд ва китоб чанд бор бознависиву таҳрир шуд, вале ин ҳама ӯро дилсард накард ва баробари таҳсил китобро ҳам ба охир расонид.

Фараҳнӯш, тасмим дорад, “Достони марди Худо” - ро, ки ба теъдоди 500 нусха нашр шудааст, дар маросими соли бобояш ба дӯстону наздикони ӯ тақдим кунад. Муаллифи наврас мегӯяд, ин китоби охирини ӯ нест ва ӯ ният дорад дар оянда барои ҳамсолони худ китобҳои ҷолибтаре бинавсад. Чун ба қавли ӯ, агар китоб хонданӣ ва ҷолиб бошад, наврасон низ ба он рӯ хоҳанд овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG