Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Писар атои худо, духтар балои худо?"


Яке аз бемористонҳо дар шаҳри Ҳироти Афғонистон
Яке аз бемористонҳо дар шаҳри Ҳироти Афғонистон

Дар Афғонистон хонаводаҳои зиёд мехоҳанд писар дошта бошанд, на духтар.

Чанде пеш як марди афғон ҳамсарашро ба хотири таваллуди духтари дуюм ба қатл расонд. Мутаасифона, имрӯз дар Афғонистон занони зиёдеро метавон дид, ки бо иттиҳоми таваллуди духтар мавриди таъқибу таҳқири шавҳарону хушдоманҳо қарор мегиранд.

Хонум Рухсори 29-сола ҳомила буда, ба ҳамин зудиҳо фарзанди панҷумашро ба дунё хоҳад овард. Чор фарзанди Рухсор духтар ҳастанду ҳозир ӯ ташвиш дорад, ки агар боз як духтар таваллуд кунад, шавҳараш ҳамсари дуюм мегирад: “Ман ба қабули ҳамсари дуюм маҷбур мешавам. Агар фарзандам духтар шавад, ягона роҳи ҷилавгирӣ аз талоқ қабули ҳамсари дигари ӯ хоҳад буд.”

Рухсор дар шарқи Афғонистон дар минтақаи дурдасти Сурхрӯд ба сар мебарад, вале анъанаи додани бартарӣ ба писар дар саросари Афғонистон ба чашм мехӯрад. Аксари оилаҳои афғонӣ писарро таъминкунандаи ояндаи рӯзгор ва вориси хонаву идомадиҳандаи насл мешуморанд.

Эҳсонуллоҳ, сокини 33-солаи Кобул мегӯяд, ӯ ду духтар ва як писар дорад. Ба қавли ӯ ин писар аст, ки солҳои пирӣ такягоҳи ӯ хоҳад шуд, зеро одатан афғонҳо бо домодашон дар як хона зиндагӣ намекунанд.

Эҳсонуллоҳ меафзояд, тарбияи духтар хароҷотии зиёд дораду билохира, ӯ насиби оилаи каси дигар мешавад, яъне баъди издивоҷ ҳисоби ӯ дар ҷои дигар аст.

Моҳи равон дар вилояти Қундузи ҳаммарзи Тоҷикистон як марди афғон бо иттиҳоми куштори ҳамсараш ба ҳабс гирифта шуд. Гуфта мешавад, ки ин мард аз таваллуди духтари сеюм ба ғазаб омада, ин ҷиноятро содир кардааст.

Аниса Имронӣ, масъули умури занони вилояти Нангарҳори Афғонистон мегӯяд, баъзан сарчашмаи мушкилӣ на шавҳар, балки хушдоман ва хешу табори шавҳар аст: “Зане, ки писар таваллуд кардааст, бо муомилаи хуб рӯ ба рӯ мешавад. Шавҳараш ба ӯ беҳтарин ғизоро таъмин намуда, ба муносибати таваллуди писар ҳадди ақал мурғеро забҳ мекунанд. Ба муносибати таваллуди писар зиёфатҳо низ меороянд. Аммо вақте духтар таваллуд мешавад, зан бо таҳқиру фишори хешовандони шавҳараш рӯбарӯ мешавад.”

Хонум Имронӣ мегӯяд, таваҷҷӯҳ ба писар бештар дар оилаҳои камсавод ба назар мерасад.

Фарида Фуод, аз зоишгоҳи Малалайи Кобул низ ба ҳамин фикр аст. Ӯ меафзояд, ин афроди ҷоҳил ҳеҷ намефаҳманд, ки ҷинси кӯдак ба хромосомаҳои мард вобастааст.

Коршиносон таваҷҷӯҳи зиёди оилаҳои афғон ба писарро бо нақши онҳо дар ҷомеаи анъанавиву динии ин кишвар марбут медонанд. Онҳо мегӯянд, дар баъзе оилаҳои муҳофизакор духтар фақат баъди тановули падару писар сари дастурхон менишинад. Онҳо писарро ҳамчун гарави ҳаёти осуда дар пиронсолӣ мебинанд.

Ҳоло ҳомиёни ҳуқуқи афғон саъй доранд, таваҷҷӯҳ ба баробарҳуқуқии духтару писарро ҷалб кунанд. Онҳо муллоҳоро ба ин маърака даъват кардаанд. Мавлоно Мустафо, ки ба ҳифзи ҳуқуқи духтарон бархостааст, мегӯяд, сарфи назар аз ҷинс, ҳуқуқи фарзанд бояд баробар бошад ва таҳқир бар асоси ҷинс хилофи ислом мебошад.

Хонум Рухсор ба ин суханон мувофиқ аст, вале таъкид мекунанд, ки ягона гарави ҳаёти осудаи ӯ, ҳамоно таваллуди писар аст.
XS
SM
MD
LG