Кормандони Оҷонсии мубориза бо коррупсия мегӯянд, Фозилҷон Азизуллоев, муфаттиши додситони ҳарбии гарнизони шаҳри Душанберо ҳангоми ситонидани ришва бо маблағи 2500 доллар аз падари як сарбози қисми ҳарбӣ боздошт кардааанд.
Дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо коррупсия рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Фозилҷон Азизуллоев, додситони гарнизони ҳарбӣ рӯзи чоршанбеи 26-уми феврал ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Фозилҷон Азизуллоев вақте боздошт шудааст, ки аз падари як сарбози қисми ҳарбии 5453-и вазорати корҳои дохилӣ қисми дуввуми ришваи талабкардааш ба маблағи 1300 долларро меситонид.
Ин амалиёти кормандони оҷонсӣ барои боздошти додситони гарнизони ҳарбӣ рӯзи 23-юми феврали соли равон сурат гирифта, феълан Фозилҷон Азизуллоев дар боздоштгоҳи муваққатии оҷонсӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Ба гуфтаи мақомот, қаблан ин додситони гарнизони ҳарбӣ аз падари сарбоз Абдуқодир Ҳотамов 1200 доллар ситонидааст. Ин маблағро дар рӯзи боздошташ – 23-юми феврал - аз ҷайби ӯ пайдо кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти оҷонсии зидди коррупсия, Фозилҷон Азизуллоев, ба қисми ҳарбии 5453 барои тафтиши ҳодисаи марги Ҷамолиддин Раҳмонов, як сарбози ҳамин қисми ҳарбӣ меравад. Фозилҷон Азизуллоев, ҳам барои тафтиши ҷузъиёти ҳодисаи марги ин сарбоз ба ин қисми ҳарбӣ омада, аз падари сарбози дигар бо таҳдид пора талаб кардааст.
Як манбаъ аз оҷонсӣ хабар дод, ки марҳилаи аввали тафтиши пешакӣ нишон додааст, ки додситони ҳарбии гарнизони Душанбе Фозилҷон Азизуллоев бо мақсади ситонидани ришва аз сарбоз Абдуқодир Ҳотамов дар қисми ҳарбӣ таҳдид намудааст, ки ӯро ҳамчун ёвари сардори посбон барои беназоратӣ аз болои сарбоз Раҳмонов, ки бо сабабҳои номаълум ба ҳалокат расидааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ хоҳад кашид.
Ба гуфтаи мақомот, додситони ҳарбӣ бо падари сарбоз Саймуддин Ҳотамовро дар қисми ҳарбӣ мулоқот карда, масъалаи эҳтимоли ба маҳкама кашидани фарзандашро дар миён мегузорад ва водор мекунад, ки Саймуддин Ҳотамов ба хотири раҳоии фарзандаш аз масъулият ришва бидиҳад.
Тавре аз Оҷонсии зидди корупсия мегӯянд, Фозилҷон Азизуллоев дар ивази раҳоии сарбоз Абдуқодир Ҳотамов аз ҷавобгарии ҷиноӣ аз падари ӯ 2500 доллар талаб кардааст. Шоми 17-уми феврал додситони ҳарбӣ дар дохили мошинаш дар роҳи назди фурудгоҳи Душанбе аз падари сарбоз қисми аввали ришва ба маблағи 500 долларро гирифта, талаб мекунад, ки 2000 доллари дигарро ҳам биёрад. Баъди чанд рӯз Азизуллоев қисми дввуми ин ришва ба маблағи 700 долларро дар дохили қисми низомӣ ситондааст.
Сипас рӯзи ҷашни артиши миллӣ – 23-юми феврал кормандони Оҷонсии зидди корупсия ҳангоми ситонидани қисмати сеюм ва ниҳоии ин ришва ба маблағи 1300 доллар додситони низомиро боздошт карданд. Гуфта мешавад, аз дохили мошини додситони низомӣ ду қисмати аввали ришваи гирифтааш ба миқдори 1200 доллар низ ёфт шудааст.
Оҷонсии зидди корупсия алайҳи додситони гарнизоми ҳарбии Душанбе Фозилҷон Азизуллоев бо моддаи 319, қисми 4, яъне гирифтани порра дар ҳаҷми махсусан калон парванда боз карда то анҷоми тафтишоти пешакӣ 26 феврал ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифтанд.
Фозилҷон Азизуллоев дар асоси фармони додситони кулли ҳарбии Тоҷикистон аз 16-уми августи соли 2011 дар вазифаи муфаттиши додситони ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе фаъолият мекард.