Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали чоруми Дилшод Назаров дар мусобиқоти ҷаҳонӣ


Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии даъвати ҷаҳонӣ дар шаҳри Туркуи Финляндия боз як медали нуқра ба даст овард.

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии даъвати ҷаҳонӣ дар шаҳри Туркуи Финляндия бо ҳаво додани гурз ба масофаи 77 метру 93 сантиметр соҳиби ҷои дувум ва медали нуқра гардид.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ худи Дилшод Назаров шаби 25-уми июн хабар дод. Вай гуфт, «ин мусобиқа барои ман дар мавсими имсола чорумин буд. Ман гурзро ба масофаи 77 метру 93 сантиметр ҳаво дода, мақоми дувумро касб кардам. Кристиан Парс, аз Маҷористон, қаҳрамони Олимпиадаи Лондон-2012, бо натиҷаи 79 метру 83 сантиметр ғолиби ин сабқат шуд. Давид Содерберг, аз Финляндия, бо натиҷаи 76 метру 08 сантиметр ҷойи севумро гирифт. Барои ман имсол ду мусобиқаи бузургтарин – яке Ҷоми ҷаҳонии варзиши сабук аст, ки моҳи сентябр доир мешавад ва дигаре Бозиҳои XVII осиёист, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад.”

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Чех медали нуқра ба даст оварда буд. Вай дар мусобиқаи пурнуфуз бо номи «Ostrava Golden Spike», ки дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор шуд, гурзро ба дурии 80 метру 62 сантиметр ҳаво дода, мақоми дувумро касб кард. Кристиан Парс, аз Маҷористон, бо натиҷаи 81 метру 57 сантиметр ғолиби ин сабқат шуд. Павел Файдек, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2013 аз Лаҳистон, бо натиҷаи 79 метру 65 сантиметр ҷойи севумро гирифт.

Аз ин пеш Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук “Даъвати Маскав” дар сабқати гурзандозӣ бо натиҷаи 79 метру 20 сантиметр ғолиб шуда буд. Дилшод моҳи май дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон бо натиҷаи 79 метру 58 сантиметр мақоми дувумро касб карда, бо медали нуқра сарфароз шудааст.

Ба ин тартиб, Дилшод Назаров моҳҳои май-июни соли равон дар чор мусобиқаи байналмилалӣ як медали тилло ва се медали нуқра ба даст овардааст.

Дилшод Назарови 32-сола яке аз фаъолтарин варзишгарони тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона - соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон - ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 71 сантиметр аст.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров авоили моҳи январи соли равон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG