Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Матиз", "Тайота Каролла", "Ранҷ Ровер" ва "Лексус" бештар интихоби занон рӯйи ҳамин тамғаҳо меафтад ва дар кӯчаҳои Душанбе ҳам ғолибан занонро дар пушти чанбари чунин мошинҳо дидан мумкин аст.

Агарчӣ дар Тоҷикистон дидани занон дар паси чанбари мошин дигар ягон падидаи ғайримаъмулӣ нест, аммо доштани мошин барои як зан ҳамоно чун як мояи ифтихор ва аз дигарон фарқ кардани ӯ дониста мешавад. Худи занон иқрор мекунанд, на аз рӯи зарурат, балки бештар аз рӯйи ҳавову ҳавас мошинронӣ мекунанд.

Адолат Бердиева як зани ҷавон, ки ҳудуди 10 сол аст аз нақлиёти умумӣ истифода намекунад, мегӯяд, мошини шахсӣ барои ӯ, ки дар ду ширкат ба ҳайси муҳосиб кор мекунад ва модари ду фарзанд аст, хеле кӯмак мекунад. Вай мегӯяд, бо мошини “Тайота раф чор”-и худ, роҳат ва сари вақт ба тамоми корҳояш мерасад: ”Барои он, ки сари вақт ба корҳоям бирасам ва ҳамчунин кӯдакҳоро то мактабу боғча бирасонам, ман бояд бо мошин ҳаракат кунам. Бо мошин метавонем сари вақт ҳама кори худро анҷом диҳем, маълум аст, ки дар шаҳр махсусан фасли сармо мо ба камбуди нақлиёт мушкил мекашем ва бо ин роҳ ин барои ман ҳамчун як зан хеле роҳат аст.”

Давраи таълими ронандагӣ дар Душанбе

Давраи таълими ронандагӣ дар Душанбе

Ба фарқ аз мардон, занҳо дар интихоби мошин ҳам мисли интихоби сару либосу ороишоти худ бархӯрд мекунанд. Мутахассисони соҳаи нақлиёт ҳам аз мушоҳидаҳои худ мегӯянд, занон ғолибан дар вақти интихоби мошин на ба ҳаракату иқтидор, балки бештар ба зоҳир, яъне зебоии он таваҷҷӯҳ мекунанд. Муҳаббат, як мусоҳиби мо, ки дар ширкати хусусие ба ҳайси коргузор фаъолият мекунад, ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад ва мегӯяд, воқеан занон дар паси чанбари мошини зебову диққатҷалбкунанда нишастан мехоҳанд. Худи ӯ, ки соҳиби мошини “Ҷип” аст, мегӯяд ба мошинронӣ хеле шавқ дошт ва талош кардааст, то бо меҳнати худ ин орзӯяшро амалӣ кунад: “Медонед, ки шавҳарони тоҷик чандон ҷонибдори он нестанд, ки ҳамсаронашон дар паси рул биншинанд. Ман ҳам, ки ба мошин хеле шавқ доштам, кӯшиш кардам, ки соҳиби мошини зебое бошам. Аксар занон фикр мекунам барои гирифтани мошин худашон талош мекунанд.”

Ба гуфтаи масъулини соҳаи нақлиёти кишвар, афзоиши мошин ва дастрас шудани он дар Тоҷикистон боис ба зиёд шудани сафи занҳои ронанда ва таваҷҷӯҳи занон ба мошинронӣ шудааст. Абдурақиб Қодиров, сардори Хадамоти матбуотии Ташкилоти Ҷамъиятии мададгори мудофеа мегӯяд, аксаран занони аз нигоҳи иқтисоди мустақил, соҳибкор, кормандони созмону ширкатҳои хориҷӣ ва аз хонаводаҳои доро мошинронӣ мекунанд. Ин гурӯҳ бештар дар шаҳр бо мошинҳои зебову гаронарзиш мегарданд.

Аммо гурӯҳи дигар ҳам заноне аз хонаводаҳои оддӣ ва ё занони бешуғланд, ки ба хотири таъмини рӯзгори худ дар баробари мардон ба рондани таксӣ ва бо ин роҳе пеш бурдани зиндагии худ пушти чамбари мошин менишинанд: “Аммо агар бигӯем, ки занҳо фақат ба хотири таъминоти рӯзгор бо истифода аз нақлиёт ронанда мешаванд сахт иштибоҳ мекунем. Ааксарият аз рӯи ҳавас барои таҳсил ба мактабҳои ронандагӣ меоянд ва сари чанбари мошин нишастан ин як нав муд ва ифтихор ҳам ҳаст барои занон.”

Шумори дақиқи ронандаҳои зан, маълум нест, аммо Баҳрулло Бобоев, муовини клуби ҷумҳуриявии Варзишӣ Техникӣ мегӯяд, ба фарқ аз 4- 5 соли пеш ҳоло бештар аз 60 дар сади муҳассилини мактаби ронандагиро занону духтарон ташкил медиҳанд. Баҳрулло мегӯяд, мегӯяд, дар ин миён онҳое ҳам зиёданд, ки маълумоте надоранд ва ҳадди аққал барои доштани ҳуҷҷати ронандагӣ ба ин мактаб меоянд:

“Агар қаблан дар як гурӯҳи 30 нафара то 5 - 6 зан таҳсил мекард, аммо ҳоло фарз кардем дар як гурӯҳи 20 нафара 18 нафараш занону духтаронанд. Аз 500 нафаре, ки дар ин мактаб солона ҳуҷҷати ронандагӣ мешаванд ҳудуди 300 нафар занонанд. Бисёри падару модар меоянду мегӯянд, духтарашон нохонда аст, маълумоти олӣ надорад ва аққалан ҳамин як ҳуҷҷати ронандагиро гираду оянда барояш лозим мешавад. Ман фикр мекунам бо зиёд шудани рафтуои мардум ба хориҷ ва созмонҳои хориҷӣ дар кишвар, таваҷҷӯҳи занони мо ҳам ба ҳуҷҷати ронандагӣ ва умуман мошинронӣ зиёд шуд.”

Аммо дар маҷмӯъ, мутахассисони соҳаи нақлиёт мисли ҳамеша аз занони ронанда таъриф мекунанд ва мегӯянд, дар муқоиса бо мардон дар рондани мошин онҳо хеле боэҳтиётанд ва аз ҷониби онҳо нақзи қоидаҳои ҳаракат хеле кам ба назар мерасад. Гуфта мешавад, имрӯз дар кишвар беш аз 500 ҳазор воситаи нақлиёт дар ҳаракат аст ва танҳо дар шаҳри Душанбе дар як рӯз ҳудуди 80 ҳазор мошин равуо мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG