Пайвандҳои дастрасӣ

11 сол барои 100 сомонӣ. Пушаймонии шоҳидони "ҷурм"-и Муҳаммадюсуф Исмоилов


Муҳаммадюсуф Исмоилов дар додгоҳ, ноябри соли 2013.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар додгоҳ, ноябри соли 2013.

Шоҳидони асосии парвандае, ки зимни он рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов ба 11 соли зиндон маҳкум шуд, мегӯянд, иттиҳомоти зидди ӯ натиҷаи як саҳнасозии мақомот буд.

"Кормандони интизомӣ ба дасти Санавбар як садсомонии "обработка"-кардаи худро дода, зери гиребонаш "жучок" (микрофони махфӣ) гузошта, дар "лифчик"-аш диктофон монданд ва мо ҳарду ба беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ" рафтем. Пеш аз рафтани мо ба беморхона кормандони интизомӣ духтурҳоро аз дохили бино берун фиристода, худашон он ҷо интизор шуданд." Ин нақли шоҳидест, ки бино бар баёноти ӯ ва шарикаш рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов ба 11 соли зиндон маҳкум гашт.

Мадина Саидова, собиқ раиси маҳалла дар ҷамоати Шайдони ноҳияи Ашт, рӯзи 23 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вай ва дугонааш, соҳибкор Санавбар Аҳадова аз он пушаймонанд, ки дар "саҳнасозӣ"-и мақомоти интизомӣ зидди Муҳаммадюсуф Исмоилов ширкат карда, сабабгори ҳабси дарозмуддати рӯзноманигор шуданд. Онҳо меафзоянд, тамоми талошро хоҳанд кард, ки парванда бознигарӣ ва ҳукми додгоҳ иваз шавад.

БОЗДОШТ ДАР ҶОЙИ "ҲОДИСА"

Шоҳиди асосӣ дар парвандаи Исмоилов -- Мадина Саидова мегӯяд, дар моҳи июни соли 2013, вақте ки вай ва Санавбар Аҳадова "барои як масъала ба назди раиси Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт Саидбек Саидов омаданд, Санавбар дар омади гап шикоят кард, ки ҳамин журналист Исмоиловро тарсонед, ки аз вай пул мепурсаду безораш кардааст."

Мадина меафзояд, "Саидбек Саидов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии Ашт, баъд аз шунидани ин ҳарфҳо зуд гӯшии телефонро гирифт ва ба Раёсати корҳои дохилии вилоят занг зада, гуфт, "ҳамон журналистро, ки доим моро дар мақолаҳояш танқид мекунад, як ҷазо диҳем, чӣ мешавад? Ҳоло ду нафар дар наздам нишастаанду аз ҳамон журналист шикоят доранд, ки аз онҳо пул мепурсад."

Муҳаммадюсуф Исмоилов ва вакили ӯ Муҳаббат Ҷӯраева

Муҳаммадюсуф Исмоилов ва вакили ӯ Муҳаббат Ҷӯраева

Ба гуфтаи Мадина Саидова, маълум набуд дар телефон аз он тараф чӣ гуфтанд, вале Саидбек Саидов ба ӯ ва Санавбар рӯ оварда, таъкид кардааст, ки "то замоне ӯро ҷазо надиҳем, Шумо ба ҳеч куҷо намеравед." Мадина ва Санавбар ин таҳдидро ба маънии "тарсондан ва ором кардани журналист" фаҳмидаанд, ҳарчанд Мадина ҳоло мегӯяд, ки он занги телефон то "болоҳо" рафт ва аз он ҷо дастур омад, ки "бигиредаш."

"Тақрибан баъд аз як ё ду ҳафта Саидов моро ба кабинеташ даъват карда, ба Санавбар гуфт, ки ба Исмоилов занг занед ва гӯед, ки ба “Ёрии таъҷилӣ” биёяд, пулаш медиҳед". Вақте ки Санавбар ба Исмоилов занг зад вай аз ун тараф гуфт, ки “Мадинчик ман ҳамин ҳоло меравам”.

Сипас кормандони интизомӣ ба Санавбар дастгоҳи сабти садо ва 100 сомонӣ додаанд. “Вақте ки Санавбар пулро ба Муҳаммадюсуф дод ва ӯ аз бемористон берун шуд, кормандони интизомӣ боздошташ карданд ва дастонашро ба пушт тоб дода, ба мошин бор карда бурданд.”

Ба қавли Мадина, онҳо ҳеҷ гумон надоштанд, ки барои як садсомона Муҳаммадюсуф Исмоилов 11 сол зиндонӣ мешавад. Онҳо интизор доштанд, ки мақомот ӯро тарсонда аз толори суд озод мекунад.

НАҚЛИ ТАРАФИ ДИГАР

Воқеае, ки Мадина ва Санавбар нақл карданд, 24-уми июни соли 2013 рӯй дода буд. Моҳи октябр Додгоҳи ноҳияи Масчо Исмоиловро мутобиқи бандҳои 250, қисми 2 ва 247- и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “тамаъҷӯии такрорӣ“, “қаллобӣ бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд” ва “қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ” гунаҳкор намуда ба 11 соли ҳабс маҳкум кард.

Ин дуюмин мавриди ба зиндон афтодани журналист буд. Соли 2011 ӯро барои нашри мақолаи интиқодие бо номи "Ашт валангор мегардад" дар ҳаққи мақомоти маҳаллии ин ноҳия ва махсусан додситонии он, бо парвандаи "тӯҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» боздошт карда, 11 моҳ дар маҳбаси муваққатӣ нигоҳ доштанд. Ин қазия ҳамла ба озодии баён унвон шуд ва бо талоши созмонҳои журналистӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ журналист озод гашт.

Боздошти дувум ақидаеро ба миён овард, ки Исмоилов пайваста машғули тамаъҷӯӣ бо истифода аз "навиштан" аст ва ҳарчанд ҳомиёни ҳуқуқ ҳукмро "зиёда аз ҳад" ва "бераҳмона" номиданд, мисли дафъаи аввал ба ҳимояти ӯ барнахостанд. Ҳодиса ду шоҳиди зинда дошт, ки дар додгоҳ баёнот доданд.

Саидбек Саидов, сардори пешини Шӯъбаи корҳои дохилии Ашт, ки акнун дар ноҳияи Ғончӣ кор мекунад, мегӯяд, "аз рӯйи талаби ҳамонҳо (Мадина ва Санавбар - Озодӣ) Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд рафта, амалиёт гузаронда, ӯро дастгир карда буданд. Ягон сохтакорӣ нашудааст, муроҷиат карданд, чора дида шуд, ҳамаи "запис"-ҳо ҳаст ку."

ОҒОЗИ ПАРВАНДАИ НАВ?

Вале "ҳамонҳо", яъне ду шоҳид -- Мадина Саидова ва Санавбар Аҳадова, акнун мехоҳанд, "хато"-и худро ислоҳ кунанд. Барои ин онҳо яке аз собиқадорони умури дохилӣ, Қодиралӣ Муродиевро вакили дифоъ гирифтаанд ва санаду талабҳои бознигарии парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро омода месозанд.

Барои бисёриҳо тааҷҷубовар аст, ки Додгоҳи вилояти Суғд моҳи июли соли гузашта хулосаи зинаи болоӣ -- Додгоҳи олии Тоҷикистонро, ки 11 соли зиндонро барои Исмоилов “ҳукми вазнин” донист, рад намуд ва ба бозбинии парванда ва коҳиши мӯҳлати ҳабс иқдом накард. Додгоҳи вилояти Суғд тавсияи Додгоҳи Олии Тоҷикистонро “беасос” номид ва рад кард. Гузашта аз ин дар ду афви умумие, ки баъд аз боздошти Исмоилов сурат гирифт, мақомот солхӯрдагӣ, маъюбӣ, падари ду тифли ноболиғ ва зарар ба ҷомеа набудани ҷурми Исмоиловро ба назар нагирифт ва ӯро афв накард. Инҳо нишон медиҳад, ки "парвандаи Исмоилов" барои мақомот аз вижагиҳое бархӯрдор аст.

ТАҒЙИРИ АНДЕША?

Мадина Саидова мегӯяд, вай бо шунидани ҳукми додгоҳ аз карда пушаймон шуд ва эътироз кард. Вале маъмурони интизомӣ ӯро аз толор берун бурданд. Моҳҳои баъдӣ ӯ талошҳои худро идома дод ва ин сабаб гашт, ки аз мақомаш -- раиси маҳалла дар Шайдони Ашт барканор гардад. Мадина ва Санавбар ҳамчунин ба кӯшиши вакилони дифои Исмоилов умед бастанд, ки мумкин аст, ҳукм дар зинаҳои болоӣ бекор карда шавад.

"Ман аз ҳамон аввал худамро гунаҳкор ҳис кардам, зеро ба доми мақомот афтодам. Ягон тамаҷӯӣ набуд, фақат ин буд, ки дугонаам Санавбар зидди мақолаи Исмоилов, ки ҳанӯз пеш аз Санавбар аз дӯстони ман буд, мақола навишт ва байни ҳарду хусумат афтод. Ман пешниҳод кардам, ки онҳо оштӣ кунанд ва Исмоилов ба шӯхӣ гуфт, ки бепул оштӣ намешавад. Ман будам, ки ба Санавбар гуфтам, соҳибкор ҳастӣ, зиндагият осуда аст, барои кӯмак ба Муҳаммадюсуф 100 доллар тӯҳфа кун..." -- мегӯяд Мадина Саидова.

Ҳамсари Исмоилов -- Маҳтоббӣ Абдуллоева ба радиои Озодӣ гуфт, Мадина ва Санвбар ҳамроҳи вакили мудофеъ омаданд ва аз ӯ ва фарзандони Муҳаммадюсуф узр хоставу гуфтаанд, то Исмоиловро аз маҳбас берун накашанд ором нахоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG