Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар “Хуҷанд”


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бар тими ”Хуҷанд”
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бар тими ”Хуҷанд”

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бар тими ”Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.

Ин бозии санҷишӣ дар доираи омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рӯзи 5-уми август дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” баргузор шуд.

Бояд гуфт, ки ин аввалин бозии мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев буд. Фарҳод Тоҳиров ду гол, Аҳтам Ҳамроқулов ва Хуршед Маҳмудов якголӣ заданд. Як голи “Хуҷанд”-ро Шӯҳрат Умаров ба ҳадаф расонд.

Бозии дувуми санҷиширо мунтахаби Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 9-уми август дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд бо дастаи мунтахаби бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Бозии санҷишӣ
Мунтахаби Тоҷикистон - «Хуҷанд» - 4:1

Голҳо: Фарҳод Тоҳиров, 25 (1:0). Фарҳод Тоҳиров, 35 (2:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 55 (3:0). Хуршед Маҳмудов, 70 (4:0). Шӯҳрат Умаров, 75 (4:1).
Мунтахаби Тоҷикистон: Алишер Тӯйчиев (Алишер Додов, 30, Рустам Ризоев, 60), Аҳтам Назаров (Ҳасан Рустамов, 46), Эраҷ Раҷабов (Алексей Неъматов, 46), Сиёвуш Асроров (Соҳиб Саванқулов, 46), Наим Улмасов (Далерҷон Тухтасунов, 46), Ҷаҳонгир Ҷалилов (Бахтиёр Чориев, 46), Дилшод Восиев (Ҷаҳонгир Эргашев, 46), Нуриддин Давронов (Иброҳим Рабимов, 46, Алишер Шарифов, 75), Абдусамад Ҳоҷибоев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46), Фарҳод Тоҳиров (Аҳтам Ҳамроқулов, 46), Шодибек Ғаффоров (Хуршед Маҳмудов, 46).
5-уми август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
XS
SM
MD
LG