Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави тенниси рӯи мизи Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии тенниси рӯи мизи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо пирӯзии дастаи Душанбе-1 ба анҷом расид.

Мусобиқаи қаҳрамонии тенниси рӯи мизи Тоҷикистон, ки дар маҷмааи варзишии “Юбилейний”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, дар ҳисоби дастаӣ бо пирӯзии тими Душанбе-1 хотима ёфт.

Чунон ки аз Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон рӯзи 4-уми ноябр ба Радиои Озодӣ хабар доданд, дар ин мусобиқа, ки ба ҷашни 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд, 89 теннисбоз, аз он ҷумла 24 нафар занон дар ҳайати се даста аз шаҳри Душанбе, ду даста аз вилояти Суғд ва якдастаӣ аз вилояти Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат доштанд.

Дар ҳисоби дастаӣ тими Душанбе-1 ғолиб шуд. Дастаи Суғд-1 мақоми дувум ва тими Хатлон -2 мақоми севумро касб карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон Миряҳё Яҳёев аз вилояти Суғд ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуд. Убайд Султонов аз дастаи Душанбе-1 ҷойи дувум ва Дамири Шодӣ аз дастаи Хатлон-2 ҷойи севумро гирифтанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни занон Зарина Шарифова (Душанбе-1) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Гулноза Тошарифова (дастаи шаҳру навоҳии тобеи марказ) дувум ва Зулфия Саидолимова (Суғд-1) севум шуданд.

XS
SM
MD
LG