Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қумринисо Ҳафизова: "Маҷбурам зиндагиро аз сифр шурӯъ кунам"


Ҳамсари раҳбари кушташудаи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов, ки авоили моҳи марти соли равон дар Туркия ба қатл расид, баъди паноҳанда шудан дар як давлати ғарбӣ бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.

Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, як мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, тақрибан як моҳ пеш аз Туркия хориҷ шуд ва ҳоло бо панҷ фарзандаш дар як кишвари ғарбӣ паноҳанда шудааст. Мақоми паноҳандаи сиёсиро ба ин хонавода СММ додааст ва онҳо ҳоло дар як хонаи давлатӣ зиндагиро аз сифр шурӯъ кардаанд. Қумриниссо мегӯяд, ҳоло муҳит барои ӯ ва фарзандонаш комилан бегона аст ва онҳо бояд аз паи омӯзиши забон шаванд, то худро ба зиндагӣ дар ин кишвари ношинос мутобиқ гардонанд.

Қумринисо мегӯяд, бачаҳояш ба ҷуз забонҳои тоҷикиву туркӣ бо забони дигар сӯҳбат намекунанд. Дар муддати чор соли берун шудан аз Тоҷикистон ва пайваста тағйири макон кардан, бачаҳои ин хонавода аз таҳсил дур монанд ва тамоми ин солҳо ҳамроҳ бо волидонашон будаанд. Як муддат дар Русия ва як соли охири пеш аз куштори Қувватов дар Туркия зиндагӣ кардаанд. Қумринисо Ҳафизова мегӯяд, иртибот бо хонаводааш дар Тоҷикистон ҳам ба хотири амнияти хешу наздикон қариб комилан қатъ шудааст ва ӯ танҳо бо дастгирии маънавии дӯстони собиқи ҳамсараш дар хориҷа зиндагиро пеш мебарад.

Умаралӣ Қувватов дар пеши чашми писараш кушта шуд

Умаралӣ Қувватов дар пеши чашми писараш кушта шуд

Ҳамсари Қувватов аз ин афсӯс мехӯрад, ки имкони зиндагӣ дар як кишвари амни ғарбӣ танҳо баъди марги ҳамсараш муаяссар шуд. «Агар аризаҳои бешумори мо ба унвонии созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон ва ҳам давлатҳои Аврупоиву Амрико сари вақт баррасӣ мешуд, Умаралӣ ҳоло зинда мебуд», - мегӯяд хонум Ҳафизова. «Ҳоло эҳсос мекунам, ки зиндагӣ дар муҳити дур аз Туркия, ҷое, ки ҳамсарам хоксупорӣ шудааст, бароям сахттар аст. Бисёр мехостам дар наздикии оромгоҳи ӯ бошем», - меазояд ӯ.

Ҳамсари Қувватов мегӯяд, дар набудани ӯ корҳои марбут ба таҳқиқи қазияи куштори ҳамсарашро ду вакили дифоъ назорат мекунанд. Аз охирин таҳаввулоти таҳқиқи қазия ӯ танҳо хабари ошкор шудани маводи мадҳушкунандаи клозапин дар ҷисми шавҳарашро медонад, ки дар матбуот пахш шуд.

Умаралӣ Қувватов дар як сӯиқасде шоми 5 март дар шаҳри Истамбул аз тири ҳамлагари ношиносе кушта шуд. Дар паи ин куштор полис се гумонбарро дастгир кард, ки ба иттилои тарафдорони Қувватов, ҳарсе шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд. Яке аз онҳо Сулаймон Қаюмов, шахсест, ки шоми он рӯз дар хонааш Қувватов ва ҳамсару ду писараш

акси қотили эҳтимолии Қувватовро нашрияи туркӣ аз қавли полис чоп кард

акси қотили эҳтимолии Қувватовро нашрияи туркӣ аз қавли полис чоп кард

меҳмон буданд ва дар сари дастурхони ин шахс худро бад эҳсос карда берун шуданд. Дар наздикии хонаи ин шахс дар минтақаи Фотеҳи Истамбул раиси собиқи созмони «Гурӯҳи 24» кушта шуд.

Моҳи апрел тарафдорони «Гурӯҳи 24» дар бораи ҳамоиши ин созмон бо чанд ташаккули мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷи кишвар зери чатри Эътилофи нирӯҳои созандаи Тоҷикистон хабар доданд. Қумринисо Ҳафизова мегӯяд, аз кори ин созмон пуштибонӣ кардааст.

Ба саволи радиои Озодӣ, ки баъди қариб 2 моҳи даргузашти ҳамсараш аз фаъолиятҳои сиёсиву лаҳни шадиди интиқоди ӯ пушаймон нашудааст, Қумринисо гуфт, ҳамсараш қурбони ноадолатиҳо шуд ва ӯ то охирин лаҳза дар канораш буд. Вай гуфт, талошҳояш барои баргардонидани шавҳараш аз ин роҳ бенатиҷа буд.

Қумринисо Ҳафизова мегӯяд, ҳоло ӯ дар макони нав бояд зиндагии фарзандонашро танзим кунад, то ки онҳо тавонанд ба ҳолати маъмулӣ баргарданд, кӯдакон дубора ба мактаб раванд ва соҳиби касбу кор шаванд. Аммо ин ҳама дар муҳите, ки осори куштори падар ҳамеша дар пеши чашми фарзандон аст, хеле сахт аст, мегӯяд Ҳафизова.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG