Пайвандҳои дастрасӣ

Бинобар натоиҷи назарпурсии Gullup, аз се як сокини Тоҷикистон орзуи кӯч бастан ба кишварҳои хориҷро доштаанд. Беш аз ҳама ҷавонон дар сар ин орзуро мепарваранд.

Натоиҷи назарпурсии Gullup мегӯяд, ки аз се як сокини Тоҷикистон орзуи кӯч бастан ба кишварҳои хориҷро доштаанд. Беш аз ҳам ҷавонон дар сар ин орзуро мепарваранд. Шумори онҳое ҳам, ки аллакай ба ин орзуяшон даст ёфтанд, низ кам нестанд.

Бинобар арқоми Оҷонсии омори Тоҷикистон, ҳар сол аз 3 то 11 ҳазор нафар аз кишвар ба қасди кору зиндагии ҳамешагӣ дар хориҷа кӯч мебанданд. Омори ахири ин оҷонсӣ то соли 2013 таҳия шудааст, ки мувофиқи он, дар ин сол Тоҷикистонро 3535 нафар шаҳрвандонаш барои ҳамешагӣ тарк кардаанд. Муҳоҷирати аз ҳама бештари шаҳрвандон ба соли 2011 рост меояд, ки дар ин сол 11 ҳазору 414 нафар ба кишварҳои хориҷ кӯч бастаанд.

Тайи даҳ соли охир аз Тоҷикистон 62 ҳазору 758 нафар кӯч бастаанд ва омори кӯч бастагон дар қиёс бо онҳое, ки муваққатан дар хориҷ аз кишвар муҳоҷири корӣ ҳастанд, ба маротиб камтар аст, аммо вижагии ин ҳиҷрат дар он аст, ки аксарияти кӯч бастагон ҷавон, афроди қобили меҳнат ва дар аксарияти маврид, таҳсилкарда ва ё “нухбагони зеҳнӣ”-и кишвар ҳастанд. Агар ба омори синусолии кӯчидарафтагон низ назар кунем, мебинем, ки аксарияти кӯчидарафтагон ҷавонони аз 25 то 29 солаанд.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро ҷавонон аз Тоҷикистон мераванд ва ё орзуи рафтанро доранд? Ҷуғрофиёи кишварҳое, ки ҷавонони тоҷик орзуи дар он ҷо кору зиндаги карданро доранд, зиёд аст, аммо пурсишҳои сарироҳии мо собит кард, ки дар интихоби кишвар аксарият ба масоили пайдо кардани ҷоийи кор бо музди баланд, озодиҳои иқтисодиву сиёсӣ ва имкони сохтани карейра дар он кишвар аҳамият медиҳанд.

Анварӣ Хирадманд, як ҷавони тоҷик, ки ба тозагӣ донишгоҳро бо ихтисоси муҳандисӣ хатм кардааст, мегӯяд, орзуи идомаи кору зиндагӣ дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабро дорад. Ӯ мегӯяд, пас аз қиссаҳои як шиносаш, ки дар ин шаҳр кору зиндагӣ мекунад, мафтуни Дубай гаштааст. Вай афзуд: “Шиносам дар Дубай ҳамагӣ як пешхизмати тарабхона аст. Аммо вақте вай он тараққиёту пешравии ин шаҳрро қисса мекунад, ҳаваси кас меояд. Бубинед, ман бо маълумоти олӣ он маошеро, ки вай ҳамчун пешхизмат мегирад, ба даст намеорам. Баъд дар Дубай озодӣ, демократия аст, чӣ хеле хоҳӣ кору зиндагӣ мекуни. Ин ҷиҳатҳо албатта ба мо писанд аст.”

Чанде аз ҳамсӯҳбатони дигари ҷавони мо низ гуфтанд, кишварҳои тараққикардаи хориҷ маҳз ба хотири имкони бештар дар пайдо кардани ҷойи кори хуб, озодиҳои сиёсиву мазҳабӣ, таваҷҷӯҳи онҳоро ба худ ҷалб мекунад.

Аммо афроди миёнсолу кӯҳансол майли камтаре ба ҳиҷрат кардан ба хориҷаро доранд ва ҳамчунин кӯчиши ҷавонон ва майли онҳоро ба хориҷа “бегонапарастӣ” хонда мегӯянд, ин амали онҳо “ватандӯстона” нест.

Як сокини миёнсоли Душанбе дар ин робита гуфт: “Ҳоло ҷавонони мо дар сар майли Амрикову Аврупоро доранд. Лекин агар ҳамаи инҳо раванд, кишварро кӣ обод мекунад. Ҳамон кишварҳои тараққикарда низ як вақтҳо ин хел набуданд. Ҷавонҳояшон камар маҳкам баста, ин кишварҳоро обод карданд, ҷавонҳои мо низ бояд ҳамингуна рафтор кунанд.”

Лоиқназари Мумин, коршиноси Маркази тадқиқоти стротегии Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони кишвар аз ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо бархӯрдоранд, вале баъзан камбуди ҷойи кор ва музди паст онҳоро водор месозад, ки ба хориҷ аз кишвар бираванд. Вай афзуд: “Сабаби аслии муҳоҷирати ҷавонон ба хориҷа иқтисодӣ аст, яъне ба хотири ҷойи кори хубу музди баланд ба он ҷо мераванд. Бархеҳо барои забономӯзӣ ва таҳсил низ мераванд. Лекин муҳоҷирати ҷавонон ба хориҷ ягон сабаб ва ё омили сиёсӣ надорад.”

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, давлати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҷавонон бо ҷойи кор ва музди маоши хуб талош дорад, аммо ин масъала дар як рӯзу ду рӯз ҳал намешавад ва муддати муайянеро талаб мекунад.

Бо ин вуҷуд, майли ҳиҷрати ҷавонон ба хориҷ хеле зиёд аст ва ҷуғрофиёи “кишварҳои орзуҳои” онҳо низ кам нест. Бештари ҷавонон албатта майли ҳиҷрат ба Амрико ва кишварҳои пешрафтаи Аврупоро доранд. Аммо муҳоҷират ба ин кишварҳо хеле сахт аст ва ҷавонон аз камтарин имконият барои истодан дар ин кишварҳо истифода мекунанд.

Тайи як соли охир ду хабарнигори тоҷик-- Рустам Маҷидов, корманди хабаргузории “Озодагон” ва Фарзона Ашурмадова, ки дар доираи барномаҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзии хабарнигорони сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба ин кишвар сафар карда, аз бозгашт ба ватан худдорӣ варзиданд. Ҳол он, ки яке аз шартҳои иштирок дар ин барнома, бозгашти ҳатмӣ ба ватан пас аз хатми давраи бозомӯзӣ аст. Чун ҳиҷрат ба Амрикову кишварҳои Аврупо барои аксар ҷавонони тоҷик дастрас нест, аксарият рӯ ба Русия овардаанд.

Ин аст, ки бинобар иттилоии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар соли гузашта 8,5 ҳазор ва дар панҷ моҳи соли равон 4 ҳазор оилаи тоҷик ба барномаи “Переселение” дархост навишта, хостори кӯчидан ба Русия шудаанд. Оморҳо дар мавриди шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия шаҳрвандии ин кишварро қабул кардаанд, гуногун аст. Шумори шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ду даҳаи охир соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, аз 300 000 то 500 000 рақам зада мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG