Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар Русия “муҷоҳид” мешаванд?


Дмитрий Рогозин, намояндаи хоси Русия дар Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО
Дмитрий Рогозин, намояндаи хоси Русия дар Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО

Дмитрий Рогозин, намояндаи вижаи Русия дар НАТО гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон аз гароиши ҷавонони муҳоҷир ба гурӯҳҳои тундрав дар Русия нигарон шудаанд.

Оқои Рогозин гуфтааст, ки нигаронии ҷониби Тоҷикистон дар сӯҳбати ӯ бо вазири хориҷии Тоҷикистон дар Брюссел матраҳ шудааст: “Ӯ (манзур вазири умури хориҷии Тоҷикистон) мегӯяд, онҳо бо камоли майл шаҳрвандонашонро ба Русия ба мардикорӣ мефиристанд, то ин ки онҳо зери таъсири толибони иртиҷоӣ ва исломиҳо қарор нагиранд ва дар Руссия бо фарҳанг ва тамаддун ошноӣ пайдо кунанд. Вале, баръакс, муҳоҷирони мо аз Русия муҷоҳид ва иртиҷоӣ шуда бармегарданд.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
Линки мустақим


Ҳамзамон Дмитрий Рогозин таҷаммӯъи муҳоҷирон дар масҷидҳои кишварашро на ҳамчун адои фароизи динӣ, балки намоиши қудрат ва сарҷамъии муҳоҷирон арзёбӣ кардааст. Бисёре аз коршиносон ин изҳороти Рогозинро як барномаи пеш аз интихоботии Владимир Путин ва тарс додани мардуми маҳаллӣ аз муҳоҷирони корӣ маънидод мекунанд.

Назари Рогозин дар бораи Тоҷикистонро дар дақиқаҳои 50-уми навори зер бубинед:



Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ
Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ
Мақомоти Тоҷикистон низ факти гароиши муҳоҷирони корӣ бо гуруҳҳои тундравро рад мекунанд. Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, имсол чанд нафар бо ҷурми ифротгароӣ боздошт шуд, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо муҳоҷири корӣ набуданд: “Имсол нафарони зиёде бо ҷурми ифротгароӣ боздошт шуда буданд. Вале ман нафареро аз онҳо вонахӯрдаам, ки дар гузашта муҳоҷири корӣ бошад ва ё аз Русия баргаштааст.”

Ҳамзамон ҷаноби Асадуллоев афзуд, дар бораи теъдоде аз муҳоҷирон, ки ба гуруҳҳои тундрав гаравидаанд ё зери таъсири онҳо қарор гирифтаанд, оморе рӯи даст надоранд.

Ин дар ҳолест, ки Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, мегӯяд, суханони Дмитрий Рогозинро набояд ҷиддӣ гирифт, зеро Рогозин бештар ҳамчун сиёсатмадори ҳангомаҷӯ маъруф аст: "Намедонам, ки чаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Рогозин чунин гуфтааст. Вале муҳоҷирони тоҷикро дар Русия маҳз бо ҳамин ҷурм даста-даста ҳабс мекунанд."

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия
Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия
Ҷаноби Амон ёдовар шуд, ки чанд моҳ пештар 17 муҳоҷири кории тоҷикро бо ҷурми ифротгароӣ ва терроризм боздошт шудаанд. Мақомоти қудратии Русия як шаб хобгоҳи муҳоҷиронро кофтукоб карда, чизе пайдо накарданд, вале шаби дигар омаданду аз ҳамон ҷо аслиҳаю маводи инфиҷоркунанда ёфтанд. Ӯ мегӯяд, бо талошҳои сафорати Тоҷикистон дар Русия 15 тан аз ин ҷавонон озод шуданд, вале сарнавишти ду нафари онҳо норушан боқӣ мемонад.

Ин гуна ҳодисаҳоро созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башари Русия, аз ҷумла “Мемориал” низ таъйид мекунад ва мегӯяд пулиси Русия дар бисёр маврид дар маҳалли зисти муҳоҷирон шабномаи гуруҳҳои мамнӯъро мепартояд ва дар ҷараёни боздошти муҳоҷирон аз онҳо ҳамчун далел истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG