Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: 14 ҳамроҳи дигари Абдуҳалим Назарзода боздошт шуданд (ХАРИТА)


Дараи Ромит
Дараи Ромит

Ба иттилои расмӣ, дар идомаи амалиёт дар Ромит сохторҳои интизомӣ 14 узви дигари гурӯҳи муовини собиқи вазири дифоъро боздошт кардаанд. Аз маҳалли будубоши худи генерал хабаре нест.

Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки рӯзи 7 сентябр дар амалиёти махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат 14 узви дигари гурӯҳи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) дастгир шудаанд. Ба иттилои ин ду ниҳоди қудратӣ, "ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса миқдори зиёди яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ аз ҷумла, 6 автомати Калашников, 2 ПК, 1 СВД, 1 РПГ-7В ва миқдори зиёди тирҳои гуногун, тирдон ва норинҷакҳо дарёфт ва мусодира карда шуд."

Мақомот гуфтаанд, онҳое, ки барои боздошти аъзои ин гурӯҳ кӯмак мекунанд, мукофот мегиранд. "Касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд аз ҷавобгарӣ озод буда, барои дастгир намудани аъзои гурӯҳи ҷинояткор мусоидат менамоянд, мукофотонида мешаванд," – омадааст дар баёнияи расмие, ки вазорати умури дохилӣ дар вебсайташ рӯзи 7-уми сентябр нашр кард.

Амалиёти сохторҳои қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон дар дараи Ромит идома дорад, вале аз маҳалли будубоши феълии Назарзода хабаре нест. То имрӯз дар натиҷаи амалиёт, 53 узви гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода боздошт ва 17 нафари дигар кушта шудаанд. Ин ҳисобҳо дар ҳолест, ки қаблан мақомоти расмӣ гуфта буданд, ки Назарзода ҳамроҳи 6-7 нафар аз ҳамроҳонаш ба Ромит фирор кардааст ва дар иҳотаи нерӯҳои амниятӣ аст.

Амалиёти нирӯҳои давлатии Тоҷикистон бар зидди гурӯҳи Назарзода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00

То кунун телевизионҳои давлатии Тоҷикистон сӯҳбати бархе аз ҳамроҳони боздоштшудаи Ҳоҷӣ Ҳалимро намоиш доданд, ки баъзеи онҳо ӯро ба "подстава" ва ё фиреб муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла, Файзулло Абдуллоев, барои итоат накардан ба кормандони пулис ва оташкушоӣ ба сӯи онҳо айбдор мешавад, гуфтааст, "кори кардаи ӯ ҳам хиёнат аст ва ҳам подставиткунии ҳамаи рафиқону бачаҳои гирду атрофаш."

Romit Road, Tajikistan
Romit Road, Tajikistan

"Ҳар моҳ 100-долларӣ мегирифтанд"

Аз ин пеш, 6 сентябр, вазорати дохила гуфт, аъзои гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ҳар моҳ саддолларӣ ва маводи ғизоӣ дарёфт мекардаанд. Вазорат манбаи ин пулҳоро ошкор накарда, вале Сироҷиддин Одинаев, маъруф ба лақаби Ҳоҷӣ Сироҷ, корманди пешини Вазорати дифоъро ҳамчун хазинадории ин гурӯҳ муаррифӣ намудааст. Ба иттилои ВКД, аъзои ин гурӯҳ шаби 3 ба 4 сентябр низ дар хонаи Ҳоҷӣ Сироҷ дар кӯчаи Сари Осиёи шаҳри Душанбе ҷамъ омада будаанд.

"Онҳо мунтазир ба дастури Ҳоҷӣ Ҳалим буданд. Сироҷиддин Одинаев ҳамчун хазинадори гурӯҳи ҷиноятпеша фаъолият намуда, барои нигоҳдории гурӯҳи ғайриқонунӣ ба аъзои гурӯҳ моҳона 100 доллари ИМА ва маводи ғизоӣ медодааст," -- афзуд дафтари матбуоти ВКД.

Ин ниҳоди қудратии Тоҷикистон Фозилбек Аюбов ва Хуршед Холиқовро ҳамчун муҳофизони ғайриқонунии Ҳоҷӣ Ҳалим муаррифӣ карда, аз фирори Файзулло Абдуллоев, сокини маҳаллаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ ва узви ин гурӯҳ низ хабар дод. Абдуллоев барои итоат накардан ба кормандони пулис ва оташ кушодан ба сӯи онҳо айбдор мешавад.

Яке аз боздоштшудаҳо
Яке аз боздоштшудаҳо

​Аз ин пеш вазорати дохила аз боздошти ду афсари Вазорати дифои кишвар барои "мусоидат" ба иҷрои ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Ваҳдат хабар дода буд. Аз онҳо подполковник Мустафо Назаров, муовини командири бригадаи десантии қисми низомии Вазорати дифоъ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва майор Насим Юсуфов, нозири калони раёсати молия ва буҷаи вазорати дифоъ ном бурда мешавад. То ҳол мақомоти вазорат дар ин замина изҳори назар накардаанд, вале манобеи мустақил мегӯянд, ки санҷиши дохилӣ дар ин вазорат ва ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин аз тарҳи ҳамлаҳо огоҳ будаанд ва имкон доштанд, ки бо хабар додан ба мақомот аз ҳамлаҳо ва хунрезӣ ҷилавгирӣ кунанд. "Аммо бетарафӣ ва мусоидати онҳо ба гурӯҳи ҷиноятпеша боис ба нооромӣ ва куштор гардид," – гуфтанд дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ.

Ин ниҳод барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ, ки аз созмондиҳандагони ҳамлаҳои мусаллаҳонаи 4 сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат дониста мешавад, ду корманди пешини мақомоти ҳифзи ҳуқуқро низ айбдор кард. Аз ин афрод Баҳодур Кабиров ва Тоҷиддин Собиров ном бурда мешавад, ки ҳарду дар нафақа буда, ба иттилои мақомоти расмӣ наздик ба 1 ҳазор сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ мегирифтаанд.

"Оиладор, соҳиби зану фарзанд, хонаву дар ва автомашина буда, камбуде надоранд. Бо чунин амали худ сабаби марги чанд тан аз афроди бегуноҳ гардиданд," -- мегӯяд Вазорати корҳои дохилӣ. Худи ин афрод дар сӯҳбат бо муфаттишон аз чунин амалкарди хеш изҳори пушаймонӣ карда, гуфтаанд, ки ноогоҳона аз ин кори Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳонаш пуштибонӣ кардаанд.

Бо ин ҳол, сабаби ҳамлаи чоруми сентябр рӯшан баён нашудааст ва то ҳол маълум нест, ҳадафи ҳамлаҳои мусаллаҳона аз сӯи Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳони ӯ чӣ будааст. Иттилое, ки дар замина дастраси расонаҳост, танҳо тавассути бархе аз манобеи мустақил ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мерасад.

Ҳодисаро дар ин ҷо пайгирӣ кунед:

Муовини барканоршудаи вазири дифоъ ба Ромит фирор кардааст

Генерали дар ҳоли фирор. Ҳоҷӣ Ҳалим кист?

Чор узви дигари гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар Ромит кушта шудаанд

Президент: Амалиёти боздошти ҳамлагарон рӯзҳои наздик анҷом мешавад

Иҳотаи Ҳоҷӣ Ҳалим, таслими бародараш ва боздошти 32 "одами" ӯ (ХАРИТА)

Афсари кушташудаи ОМОН-ро дар Кӯлоб ба хок супурданд

Амалиёти сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар дараи Ромит

Тафсилоти ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Ваҳдат

Вазорат: "Дар ҳамлаҳо 17 нафар кушта шудаанд"

XS
SM
MD
LG