Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сӯфиёни тариқати Нақшбандия: Даст ба кору дил ба ёр


Оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд дар Бухоро

Оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд дар Бухоро

Мақомоти Узбакистон зоҳиран дар маъракаи таъқиби гурӯҳҳои мазҳабӣ рӯи пайравони боз як равияи дигар тамаркуз мекунанд. Бино ба гузориши бахши узбакии Радиои Озодӣ, додгоҳе дар вилояти Бухоро дар моҳи июн парвандаи 11 пайрави тариқати Нақшбандияро муҳокима карда, аз ин шумор 4 нафарро 4-солӣ равонаи зиндон ва 7 тани боқиро ба маблағи 4 миллион сӯм (бо қурби расмӣ муодили тақрибан 1400 доллар) ҷарима кардааст.

Гуфта мешавад, ин 11 нафар бо иттиҳоми ҷамъомади ғайриқонунӣ дар як ҳалқаи зикр дар манзили яке аз пайравони ин равияи аҳли тасаввуф дар ҳудуди ноҳияи Қарокӯли вилояти Бухоро дастгир шудаанд. Як намояндаи додгоҳ гуфт, ки ин афрод бар асоси моддаи 216-уми Кодекси ҷиноии Узбакистон гунаҳкор шинохта шуданд. Моддаи 216 барои ҷалби афрод ба фаъолияти созмонҳои ғайриқонунии ҷамъиятӣ ва мазҳабӣ ҳамчун муҷозот аз ҷарима ба маблағи баробари аз 25 то 50 маоши ҳадди ақал то 3 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Равияи Нақшбандия, ки ба номи фақеҳи маъруфи асри 14 Баҳовуддини Нақшбанд аст, аз пуртарафдортарин равияҳои тасаввуфӣ дар байни мусалмонони Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистону Қазоқистон садҳо ҳазор тарафдор дорад. Пайравони Нақшбандия, ки дар иҷрои расмҳои мазҳабӣ аз суннату анъанаҳои тасаввуфӣ кор мегиранд ва худро сӯфӣ ном мебаранд, маъмулан аз масоили сиёсие, ки дар кишварҳо мегузарад, худро канор мегиранд. Бисёре аз намояндагони ин равия баракс аз сиёсати ҳокимони кунунии минтақа пуштибонӣ мекунанд ва ба ин далел, дар сохторҳои расмии мазҳабии кишварҳои худ мақому манзалати баланд доранд.

Нақшбандия яке аз 12 тариқати суфиёнаи аҳли суннат мебошад. Худи Баҳоуддини Нақшбанд соли 1318 дар рустои Қасри Орифон дар наздикии Бухоро ба дунё омада, соли 1389 вафот кардааст. Оромгоҳи ӯ дар Бухоро яке аз маконҳои муқаддас барои пайравони тасаввуф дар Мовароуннаҳр ба шумор меравад ва ҳар сол ҳазорон нафар аз он зиёрат мекунанд.

Аммо Нақшбандия чӣ тариқат аст? Баҳоуддини Нақшбанд кӣ буд? Ва дар Тоҷикистон аз ин тариқат киҳо пайравӣ мекунанд? Ин суолҳоро дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Саидаҳмади Қаландар, таҳлилгари масоили мазҳабии Тоҷикистон дар миён гузоштем.

Саидаҳмади Қаландарзода: Ҳарчанд ин тариқат дар асри 14 номи Нақшбандияро гирифт, аммо усули таълим ва худи тариқат хеле барвақт, ду аср муқаддам аз тарафи Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ аз тариқати ҷаҳрияи Абдулқодири Ҷузҷонӣ, ки дар Осиёи Миёна бо номи Ғавс-ул-Аъзам шӯҳрат дорад, берун омадааст. Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ дар тарбияи сарсилсилаи Нақшбандия – Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ, ки аз бобоҳои Садриддин Айнӣ аст, хидмат дошт. Чун Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ зери парастиши Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ таълими дин гирифтааст.

Радиои Озодӣ: Худи Баҳоуддини Нақшбанд кӣ буд, ки ин тариқат дар ниҳоят номи ӯро гирифт?

Саидаҳмади Қаландар: Баҳоуддини Нақшбанд ин панҷумин нашс буд дар силсила баъди ба вуҷуд омадану сурату қолаб гирифтани тариқат, ки ибтидо тариқати Хоҷагон ном дошт. Хоҷа Баҳоуддин таълими аслӣ дар тасаввуфро дар назди Бобои Самосӣ гирифт. Баҳоуддини Нақшбанд соли 1318 ба дунё омада, соли 1389, ки 71 сол дошт, аз дунё рафт. Аввалин пири тариқати ӯ Бобои Самосӣ дар соли 1340 вафот кард. Ӯ қабл аз марг таълими баъдии ин муридашро ба дӯши халифаш - Амир Саид Кӯлол гузошт. Камолоти таълими тасаввуф дар усули Хоҷагон барои Баҳоуддини Нақшбанд ба воситаи Амир Саиди Кӯлол сурат гирифт.

Вале аҳли тасаввуф як истилоҳ аст бо номи “усули увайсӣ”, ки тибқи он, дар хоб ҳам кас метавонад аз пирон таълим бигирад. Дар ривоятҳо омадааст, ки Баҳоуддини Нақшбанд бо ҳамин “усули увайсӣ” аз Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ ҳам дар хоб таълим гирифтааст.

Радиои Озодӣ: Вале тариқати Нақшбандия аз дигар тариқатҳо бо чӣ фарқ мекунад?

Саидаҳмади Қаландар: Сабаби аслии аз тариқати ҷаҳрияи Ғавс-ул-Аъзам ҷудо шудани Хоҷагон дар замони Хоҷа Юсуф он буд, ки инҳо зоҳирбозиро дар Ислому дар ибодат намеписандиданд. Яъне дар назди мардум нишон додан, бо овози баланд зикр кардан, симоъ кардан, рақсидан, фарёд кашидан, дуру дароз ва бо эълон рӯза гирифтан – инҳоро намепарастиданд. Ба фарқ аз аҳли ҷаҳрия, ки ба ҷаҳр кашидан, яъне бо овози баланд зикр мекунанд, зикри нақшбандиҳо зикри хуфия буд. Ва шиори таълимоти инҳо буд: Даст ба кору дил ба ёр. Яъне аз ҳисоби мардум, ё муридон неву аз ҳисоби касби ҳалоли худашон зиндагӣ мекарданд. Ибодатро барои Худо мекарданд, вале ризқашонро худашон мерӯёнданд.

Радиои Озодӣ: Суоле дар зеҳнам чарх мезанад, ки бо ҳокимони давр чӣ гуна муносибатҳое доштанд пайравони Нақшбандия?

Саидаҳмади Қаландар: Онҳо бо низомҳои ҳама давлатҳо дар таърих бандубор надоштанд, яъне ҳама чизро дар мизони мадоро бо ҳама силсилаҳои давлатдорӣ бармекашиданд. Дар ҳар куҷое ки набошад. Масалан, доманаи пайравони Нақшбандия ҳоло аз Осиёи Марказиву Ҳинду Покистон то Қафқозу Русия, Эрону Туркия, нимқораи Балкану Албания, ин тараф то Индонезияву Филлипин ва ҳатто то Мозамбикро дар қораи Африқо дар бар мегирад ва онҳо ҳеҷ гоҳ бо сиёсатҳои дунёӣ сару кор надоштанд. Магар як ҳолати истисноӣ вуҷуд дошт. Аз 8 то 10 августи соли 1898, дар Андиҷон яке аз пайравони шӯҳратёфтаи Нақшбандия дар водии Фарғона бо номи Эшони Дӯкчӣ, ки таълимоти тасаввуфро ҳатто рафта, дар болои қабри Баҳоуддини Нақшбанд бо “усули увайсӣ” аз ин пири тариқат гирифта буд, алайҳи Русия исён кард. Русия, албатта, давлати истеъморӣ буд, вале ин исён танҳо як ҳолати истисноист, ки пайравони Нақшбандия дар муқобили низом қарор гирифтанд. Дигар ин тариқат дар тӯли 800 соли вуҷудаш бо ҳеҷ як низом ихтилофе надошт. Шахсиятҳои маъруфаш, ба мисли Хоҷа Аҳрори Валӣ, Хоҷа Боқибиллоҳ, Имом Раббонӣ, маъруф ба Шайх Форуқии Серҳиндӣ, Махдуми Аъзаманд. Як кори муҳиме, ки Баҳоуддини Нақшбанд анҷом дод, ин буд, ки ду мактаби тавонои зикри хуфия – мактаби Хоҷа Аҳмади Ясавӣ ва мактаби Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувониро, ки бо андак тафриқаҳо аз якдигар фарқи зиёде надоштанд, ба ҳам пайваст.

Радиои Озодӣ: Имрӯз ҳам ҳастанд пайравони Нақшбандия дар Тоҷикистон?

Саидаҳмади Қаландар: Дар Тоҷикистони имрӯзии мо ва аслан дар тамоми марзу буми Осиёи Марказӣ асоси тариқати сӯфия ҳамин зикри хуфияи Нақшбандия аст. Масалан, маъруфтарин чеҳраҳои рӯҳоние, ки мо дар ҷануби Тоҷикистон доштем, аз ҷумла Эшони Абдураҳмонҷон, Домулло Абдураҳими Элокӣ, Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, аз имрӯзаҳо – домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ – ин ҳама ҳама пайрави тариқати Нақшбандияи зикри хуфияанд.Танҳо ду ҳавза дорем, ки ба тариқи қадима, яъне зикри ҷаҳрия аст. Ин яке мактаби Эшони Абдулхалили Қумсангирӣ ва ҳавзаи Тӯраҷонзодаҳо.

Радиои Озодӣ: Имрӯз аҳволи пайравони Нақшбандия дар Тоҷикистон чӣ гуна аст дар пасманзари зуҳури гурӯҳҳои нави исломӣ, ки баъзеаш аҳли тасаввуфро санг ҳам мезананд?

Саидаҳмади Қаландар: Дар ҳама тазоҳуроту сангарбандиҳои замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон намояндагони мактаби тариқати Нақшбандия худро канор гирифтанд, ин муборизаҳоро фитна эълон карда буданд. Шарик нашуданд. На мактаби Эшони Абдураҳмонҷон, ки дар ибтидои ин ҳаводис ҳанӯз барҳҳаёт буданд, на ҳавзаи Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ва на ҳавзаи Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ. Аз аҳли ҷаҳрия ҳам Эшони Абдулхалили Қумсангирӣ ба ин ҳаводис шарик нашуданд. Дувуман, ин гурӯҳҳои навпайдо, ки бо номи салафия ном мебарем, ё ваҳҳобия, ҳар гурӯҳе, ки бо ҷанбаҳои сиёсии исломӣ пайдо шуданд дар Осиёи Марказӣ, аввали муборизаашон муқобили ҳавзаҳои тасаввуф буд. Ва ин муборизаҳои шадиду сангаргирӣ байни гурӯҳҳои сиёсии исломӣ ва ин мактабҳои тариқат идома дорад. Натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG