Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақат нахандед! Дарахти зардолу ба ҷои арчаи солинавӣ (ВИДЕО)


Дарахти зардолу, ки дар Хуҷанд дар арафаи Наврӯзи соли 2013 оро дода буданд.
Дарахти зардолу, ки дар Хуҷанд дар арафаи Наврӯзи соли 2013 оро дода буданд.

Суоли хабарнигори Озодӣ дар ин бора ки оё ба ҷои арчаи солинавӣ дарахти зардолу беҳтар нест?, дар кӯчаҳои Душанбе фавҷи посухҳои зиддунақиз ва гоҳо хеле ногаҳонии мардумро дар пай дошт.

Дар ҳоле ки солтосол таҷлили ҷашни Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон зери суол қарор мегирад, афрохтани арчаи солинавӣ низ дар майдонҳои марказӣ ва назди биноҳои маъмурӣ камтару камтар мешавад. Имсол гузоштани арча - яке аз рамзҳои асосии Соли навро ҳатто дар бархе мактабҳо манъ кардаанд.

Соли гузашта дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз – соли нави мардуми форсизабон – дар Тоҷикистон барои бори аввал анъанаи истифодаи дарахти зардолу ҳамчун рамзи Наврӯз ва персонажи наве бо номи Бобои Наврӯз низ таҷриба шуд. Ин таҷриба боиси эҷод шудани сарусадоҳое ҳам шудааст, ки шояд батадриҷ Наврӯз ҷои Соли нави милодӣ ва дарахти зардолуву Бобои Наврӯз ҷои рамзҳои асосии Соли нави милодӣ – дарахти арчаву Бобои барфӣ ва Барфакро бигиранд.

"Бобои Наврӯз"
"Бобои Наврӯз"
Дар арафаи Соли нави милодӣ хабарнигори Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе бо ҷавонони раҳгузар пурсиши шӯхиомезе анҷом дод. Саволи мо ба ин мардум ба ин шакл буд, ки “Баъзеҳо ба ин назаранд, ки ба ҷои арча дар Соли Нав дар майдонҳо дарахти зардолу гузошта ва оро дода шавад. Шумо ба ин чӣ назар доред?”


Чӣ ҳосиле ба даст омад ва инки ҳамсолони мо чӣ посух доданд?, аз ин навори видеоӣ тамошо кунед.

Арчаи солинавиро бо зардолу иваз кунем?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00
XS
SM
MD
LG