Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Соли мор - соли ақлу зебоӣ ё рӯйдодҳои нохуш?


Соли мор, соли нави чинӣ аз нахустин дақиқаҳои рӯзи якшнабе дар Чин ва чанд кишвари дигари Осиё оғоз шуд. Аз Австралия то Кореяи Ҷанубӣ миллионҳо тан соли ҷадидро бо оташбозӣ ҷашн гирифтанд.

Мардуми тоҷик дар гузаштаҳо ва имрӯз низ дар солшумориҳои худ аз толеъномаи чинӣ истифода мекунанд ва таваллуди фарзандони худро бештар бо ҳамин толеънома, яъне соли мушу гову паланг ё мору гӯсфанду маймун ва мисли он дар ёд мегиранд. Ин толеънома аз номи 12 ҷонвар иборат аст.

Коршиносон бо ин солҳо баъзе ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои хушу нохушояндро иртибот медиҳанд. Соли Мор ба вижа дар Русия нигарониҳои ниҳониеро ба бор овардааст, зеро ҳодисаҳои бад дар ин кишвар бештар ба соли мор рух додааст.
Дар Чин аксари мардум бо фаро расидани соли нав аз оташакбозиву саргармиҳои дигар хушҳол мешаванд. Вале ононе низ ҳастанд, ки аз фаро расидани Соли Мор чандон хушҳол нестанд. Ҳар 12 сол як бор навбати Соли Мор аст ва коршиносон таҳқиқ кардаанд, ки бештари бадбахтиҳо ё рӯйдодҳои нохуши сайра ё кишваре дар ҳамин сол рух додааст.

Ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 ба ду бинои осмонхароши Маркази Тиҷорат дар Ню-Йорки Амрико, ҳамлаи хунин ба тазоҳуркунандагони майдони Тиананмен дар шаҳри Пекини Чин, оғози Бӯҳрони бузург ё рукуди густардаи иқтисодии ҷаҳон дар соли 1929 ба Соли Мор дуруст меояд. Ин бӯҳрон ё гуруснагӣ то поёни Ҷанги ҷаҳонии дуввум идома дошт ва Бӯҳрони бузургро ҳатто баъзеҳо заминаи оғози Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ медонанд. Оғози Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ низ ба Соли Мор баробар меояд.

Соли 2013 Соли Мори сиёҳи обӣ аст, ки бадтар аз солҳои мори маъмулист ва он ҳар 60 сол як бор меояд. Баъзе аз ситорашиносон фолеро пешниҳод кардаанд, ки соли ҷиддие дар пеш аст. Аммо як кишвар, яъне Русия нисбат ба дигарон бештар сабаби ҳарос аз Соли Морро дорад, зеро дар Соли Мор ин кишвар нисбат ба дигарон дучори марҳилаҳои пурошӯб шудааст.

Павел Свиридов-ояндашинос ё ояндапажуҳиши рус ва раиси Бунёди таҳқиқоти дунявии Русия дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Парвда” гуфтааст: “Соли Мор аз солҳои дигар фарқ мекунад. Барои Русия ин сол ҳамеша бо тағйирот дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ хеле муҳим будааст. Инак 12 сол гузашт ва Соли Мор дар пеш аст, соли 2013, соле, ки оғози тайғироти бузург дар кишвари мост.”

Раҳматулло Абдуллоев

Раҳматулло Абдуллоев

Раҳматулло Абдуллоев-таърихнигори тоҷик низ мегӯяд, дар байни мардуми тоҷик аз Соли Мор зиёд ситоиш намекунанд: “Тақвими мардумӣ тақвимест, ки дар тӯли садсолаҳо ё ҳазорсолаҳо мадум бо дарки ҳаводисе, ки дар он солҳо мегузаштанд, мушоҳидаҳои худро сабт мекарданд. Барои ҳамин фикр мекунам, ки дар гузашта ҳам Соли Мор дар байни мардум он қадр хосияти хуб ҳам надоштааст.”

Оқои Абдуллоев ва ҳамчунин таърихнигорони дигар мегӯянд, ки соли 1905 дар Соли Мор тазоҳуроти густардаи коргарони рус оғоз шуд ва баъд аз 12 сол, яъне дар соли 1917 инқилоби болшевикӣ ба пирӯзӣ расид ва низоми сиёсиро дар Русия тағйир дод. Баъд аз инқилоб 70 сол коммунистҳо зимоми қудратро на танҳо дар Русия, балки дар ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин ва ҳатто баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум дар Аврупои Шарқӣ дар даст доштанд.

Вале боз ҳам дар Соли Мор дар соли 1989 фурӯпошии ҳамин низом дар Аврупо оғоз шуд ва зери таъсири он низоми куммунистӣ дар Русия ва кишварҳои Шӯравии пешин умри худро ба поён бурд. Ин рӯйдодҳо дар ҳаёти мардуми тоҷик низ асар доштааст. Бо вуҷуди ин ки баъд аз инқилоби Октябр тоҷикон соҳиби ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон шуданд, вале аз марказҳои муҳими фарҳангии худ маҳрум монданд.

Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, донишманди тоҷик

Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, донишманди тоҷик

Аммо баъд аз оғози тағирот дар соли 1989 тоҷикон ба истиқлоли давлатӣ расиданд ва акнун Тоҷикистон чун кишвари мустақил шинохта мешавад. Дар соли 1953 Иосиф Сталин даргузашт ва як марҳилаи муҳими таърихӣ дар Шӯравӣ тай шуд. Раҳматулло Абдуллоев мегӯяд, зимистони соли даргузашти Сталин дар Тоҷикистон сармо хеле шадид будааст ва баъд аз он чанд сол гуруснагӣ идома доштааст.

Аммо Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ-таърихнигори маъруфи тоҷик мегӯяд, дар ҳаёти тоҷикон дар Соли Мор ҳодисаи махсусе сабт нашудааст ё шояд муаррихон ба ин тарафи масъала таваҷҷуҳ накардаанд. Вай аз соли нави мор хушбин аст ва чунин мегӯяд: “Агар дар Соли Мор ҳамин гуна воқеаҳо зиёдтар аст, шояд тасодуф бошад. Аммо гузаштагони мо Соли Морро соли хуб гуфтаанд. Онро соли ақлу зебоӣ медонанд. Илова бар ин ҳар касе, ки дар Соли Мор ба дунё омадааст, бештар закиву донишманд аст”.

Оқои Амиршоҳӣ мегӯяд, вай бовар надорад, ки соли 2013, яъне соли Мор соли бадбахтӣ бошад.
XS
SM
MD
LG