Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки ҷаҳонӣ: Пули 40 фоизи мардум барои ғизо намерасад


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Буҷаи 40 дарсади хонаводаҳо дар Тоҷикистон, бино ба натоиҷи як таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ, барои харидории маҳсулоти ғизоӣ кифоят намекунад.

Хонаводаи Аброр, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ имсол, ба гуфтаи худашон, ба "режими сарфакорона" гузаштаанд. Аброр мегӯяд, зиндагии онҳо аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия таъмин мешавад, вале пойин рафтани қурби рубли русӣ онҳоро маҷбур ба сарфакорӣ кардааст: "Пеш 30 000 рубл 1000 доллар мешуд. Ҳоло ҳатто 500 доллар намешавад. Вале маоши мо дар Русия ҳамоне ки буд, боқӣ монд. Маҷбурем, ки дигар аз баҳри харҷҳои беҳуда гузарем. Падарам, ки калони хонаводаи мост, ҳамаи моро пайваста гӯштоб медиҳад, ки беҳуда харҷ накунед."

Аброр мегӯяд, "режими сарфакорона" тақрибан ба ҳамаи бахшҳои хароҷоти зиндагии онҳо таъсир кардааст. Ӯ мегӯяд, онҳо ҳоло харидҳои калонро комилан ба таъхир партофта, ҳатто дар харидани маҳсулоти хӯрока ҳаддалимкон сарфаҷӯӣ мекунанд: "На ҳар чизеро, ки диламон мекашад, мехарем. Фақат чизҳои аз ҳама муҳим!"

Ин тағйирот дар рӯзгори ин хонавода як тамоюли умумие дар саросари Тоҷикистонро мунъакис мекунад. Бино ба натоиҷи таҳқиқоти нави Бонки ҷаҳонӣ, мушкилоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон боиси афзоиши шумори хонаводаҳое шудааст, ки ҳатто барои харидани ғизо пули кофӣ надоранд. 40 дарсади хонаводаҳо дар Тоҷикистон иқрор кардаанд, ки пулашон барои харидани маҳсулоти хӯрокворӣ кифоят намекунад.

Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 2 декабр натиҷаҳои таҳқиқоташ дар бораи вазъи зиндагии мардум дар Тоҷикистонро нашр кард. Ин таҳқиқот моҳи майи соли 2015 таҳти номи “Listening to Tajikistan” (“Гӯш додан ба Тоҷикистон”) аз сӯи гурӯҳи таҳқиқи масоили фақри Бонки ҷаҳонӣ анҷом шуда, асосан рӯи хонаводаҳои фақир ва аз ҳама осебпазир тамаркуз кардааст. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, натиҷаҳои таҳқиқот шиддати пасрафти иқтисод, боло рафтани сатҳи осебпазирии рӯзгори хонаводаҳои сокини Тоҷикистон, чигуна ба ин вазъи сангин тоб овардани онҳо ва паёмадҳои ин вазъ дар дарозмуддатро мунъакис мекунад.

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ин таҳқиқот аз тариқи тамосҳои телефонӣ ва сӯҳбатҳои рӯбарӯ бо намояндагони тақрибан 3000 хонавода аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар баҳори соли равон анҷом шудааст. Пажӯҳишгарони Бонки ҷаҳонӣ ибтидо ҳар даҳ рӯз, баъдан ҳар ду ҳафта ва аз моҳи декабр ҳар моҳ назари ин хонаводаҳо дар бораи чигуна тағйир ёфтани вазъи зиндагиашонро мепурсанд ва таҳқиқоти “Listening to Tajikistan”, бино ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ, дар тӯли соли ояндаи 2016-ум низ идома хоҳад ёфт.

Таҳқиқот дар 4 мавзӯъ – муҳоҷират ва пулҳои интиқолӣ, даромаду шуғли аҳолӣ, маҳрумиятҳо ва вазъи рӯзгор, хадамоти нирӯи барқ ва об – анҷом шудаанд.

  • Бино ба натиҷаҳои ин таҳқиқот, ҳаҷми миёнаи пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон аз 12 май то 20 сентябр 21 дарсад коҳиш ёфта, шумори хонаводаҳое, ки аз ҳисоби пули фарзандони муҳоҷирашон ба сар мебаранд, дар ин муддат 3,5 дарсад афзудааст. Гуфта мешавад, дар моҳи сентябр 13,2 дарсад аз ҷамъи хонаводаҳои пурсидашуда дар ин таҳқиқот барои таъмини рӯзгори худ аз пули муҳоҷирони корӣ истифода мебурданд. Моҳи май теъдоди чунин хонаводаҳо 9,7 дарсад будааст.
  • Дар тӯли мавсими корҳои кишоварзӣ шумори сарони хонаводаҳое, ки ба иҷрои ҳар кор розианд, аз 34 дарсади моҳи май дар моҳи сентябр ба 60 дарсад расидааст. Ин имкон додааст, ки даромади умумӣ ба сари ҳар узви хонаводаҳо дар ин муддат тақрибан 6,4 дарсад боло биравад.
  • Бо вуҷуди дар фасли гармо ва гӯё фаровонии нирӯи барқ анҷом шудани таҳқиқот, маълум шудааст, ки аз 38 то 58 дарсади хонаводаҳо боз ҳам ба камбуди нирӯи барқ рӯбарӯ будаанд. Пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки аз 60 то 80 дарсади рӯзҳои таҳқиқот камбуди нирӯи барқ доштаанд. Ин ҳолат дар муддати аз 12 май то 20 сентябр ба фарқ аз шаҳрҳо дар манотиқи рустоӣ бештар мушоҳида шудааст.
  • Шумори хонаводаҳое ки дар амри харидани маводи ғизоӣ эҳсоси камбуди молӣ мекунанд, афзудааст. Дар моҳи май 67 дарсади хонаводаҳои пурсидашуда гуфтаанд, ки пулашон барои харидории ғизо кифоят мекунад. Аммо то 20 сентябр шумори чунин хонаводаҳои ба истилоҳ таъмин коҳиш ёфта, ҳудуди 60 дарсадро ташкил додааст. Бархе нишондиҳандаҳои дигари вазъи зиндагии хонаводаҳо дар ин муддат беҳтар шудааст. Аз ҷумла аз 12 май то 20 сентябр теъдоди хонаводаҳое, ки ба далели камбуди молӣ хароҷоти худ барои табобат, харидани ғизоро коҳиш додаанд ваё барои таъмини ниёзҳои худ маҷбур ба фурӯхтани молу милк шудаанд, камтар шудааст.
  • Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ин таҳқиқот аз тариқи тамосҳои телефонӣ ва сӯҳбатҳои рӯбарӯ бо намояндагони тақрибан 3000 хонавода аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар баҳори соли равон анҷом шудааст. Пажӯҳишгарони Бонки ҷаҳонӣ ибтидо ҳар даҳ рӯз, баъдан ҳар ду ҳафта ва аз моҳи декабр ҳар моҳ назари ин хонаводаҳо дар бораи чигуна тағйир ёфтани вазъи зиндагиашонро мепурсанд ва таҳқиқоти “Listening to Tajikistan”, бино ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ, дар тӯли соли ояндаи 2016-ум низ идома хоҳад ёфт.

Бонки ҷаҳонӣ ба сурати умум Тоҷикистонро “фақиртарин кишвари Осиёи Марказӣ” номида, гуфтааст, ин кишвар дар муқобили мушкилоти иқтисодӣ шадидан осебпазир боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, омилҳое – сар карда аз мушкилоти иқтисодии Русия то лимити барқ – ба вазъи зиндагии мардум дар Тоҷикистон таъсир мегузоранд. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, рушди қавии иқтисодаш дар солҳои охир имкон дода буд, ки мизони фақр дар ин кишвар аз 37,4 дарсади соли 2012 дар семоҳаи аввали соли равон то ба ҳадди 31,6 дарсад пойин биояд. Вале вазъи кунунӣ, бино ба арзёбии ин ниҳоди байналмилалӣ, метавонад пеши роҳи ин пешрафтҳоро бигирад.

Бонки ҷаҳонӣ ду ҳафта пеш бо нашри як гузориш пешбиниаш нисбат ба рушди иқтисоди Тоҷикистонро боз ҳам пойин овард ва гуфт, дар муқоиса бо 6,7 дарсад суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2014, имсол ин нишондиҳанда ҳамагӣ 4,2 дарсадро ташкил хоҳад дод. Бино ба пешбинии Бонки ҷаҳонӣ, ба эҳтимоли ғолиб суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ояндаи 2016-ум низ чунин кунда боқӣ мемонад.

Беш аз 20 дарсад кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон ва асароти дигари мушкилоти иқтисодии Русия ва ҳамин тавр, пойин рафтани нархи пахтаву алюминий - ду маҳсулоти асосии содиротии кишвар аз сабабҳои аслии кунд шудани рушди Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG