Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

45 дарсади сокинони Душанбе оберо менӯшанд, ки аз cе ҳавзи обсофкунӣ мегузарад.

Мақомот ин матлабро зимни боздиди намояндагони расонаҳои хабарӣ аз иншооти ҳавзи танзими шабонарӯзии об баён карданд.

Ин иншоот дар қисмати шимолу шарқии пойтахти Тоҷикистон, соли 2008, яъне панҷ соли пеш бунёд шуда, дар як шабонарӯз то 300 ҳазор куб обро софу безарар мегардонад.

Тавре мо дидем, дар аввал об мустақим аз рудхонаи Варзоб ба ҳавзи якум ворид мешавад ва дар ҳавзи дуввум бо замч таҳшин мегардад. Баъдан ин об дар ҳавзи сеюм комилан пок ва ба шабакаҳои обтақсимкунии шаҳри Душанбеву манзилҳои сокинони пойтахт интиқол меёбад.

Комилҷон Мирзоев, сармуҳандиси Корхонаи обу корези Душанбе, ки моро дар ҷараёни шиносоӣ бо иншооти ҳавзи танзими шабонарӯзии об моро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, барои соф намудани оби ошомиданӣ ҳамасола то 600 тонна замч истифода мешавад. Ӯ мегӯяд, агар қаблан барои безарар намудани об аз хлори моеъ истифода мешуд ва он аслан аз хориҷи кишвар ворид мегардид, ҳоло гидрохлорити натрийро ба кор мебаранд. Зеро ба қавли ин мусоҳиби мо, истифодаи маводи мазкур ҳам маблағро сарфа мекунад ва ҳам ба саломатии сокинони пойтахт осеб намерасонад. Маводи мазкурро аз намаки оддии Хоҷамӯъмин ва дар як коргоҳи махсус таҷҳизонида шуда, дар конори пойтахт истеҳсол мекардаанд.





Ин коргоҳ ду соли пеш бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ бунёд шудааст.

Абдуҷаббор Бақоев, раҳбари ин коргоҳ гуфт, барои безарар намудани оби тамоми шаҳри Душанбе моҳе то 47 тонна намак сарф мешавад. Ӯ мегӯяд, «мо тариқи мошинҳо ин маводро ба тамоми шабакаҳои обтаъминкунӣ тақсим мекунем. Барои истеҳсоли 1 кило маводи гидрохлорити натрий 3,5 кило намакро масарф мекунем. Дар аввал мо ният доштем намакаи Ёвонро истифода кунем, вале чун дар Ёвон истеҳсоли намак аз кор монд, мо маҷбур шудем аз намаки Хоҷамӯъмин истифода барем. Аммо мо ҳоло барои истифодаи намакаҳои дигар сохтмони мавзеъҳои махсусро ба роҳ мондаем, ки бунёди онҳо то охири ҳамин моҳ хотима меёбад.»

Олудагии об дар гузашта боиси хуруҷи маризиҳои вогир, аз ҷумла домана шуда буд, ки гоҳ дар як гӯша ва гоҳе дар гӯшаҳои дигари шаҳр мушоҳида мешуд. Ин маризиҳо солҳои ахир тақрибан ба назар намерасанд. Вале сокинони шаҳр ҳоло низ аз нӯшидани оби ноҷӯшида ҳазар мекунанд ва дар баъзе оилаҳо ҳанӯз ҳам дегу косаи худро бо оби ҷӯш мешӯянд ва танҳо баъд истифода мекунанд.


Ҳарчанд гуфта мешавад, феълан сифати оби ошомиданӣ дар ҳама нуқоти обтаъминкунии пойтахти кишвар ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқат мекунад, аммо то ҳанӯз бархе аз корхонаҳо аз нуқтаи назари тозакунии оби истифодашаванда бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ ҳастанд. Ба ин феҳрист 7 корхонаи коркарди қуму шағал дохил мешавад, ки яке аз онҳо «Декорсервис» ном дорад ва дар Лучоб ҷойгир аст. Муборакшо Қадамов, сардори шӯъбаи назорати захоири обии Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо ишора ба як ҳавзчаи лойии корхонаи «Декорсервис» гуфт, ки дар вақти коркарди шағал, партовҳои обӣ, яъне лою қум ва хокаи майда ҳосил мешавад ва ин партобҳо дар ҳавзҳои дузинагии ин ташкилот таҳшин гардида боз ба дарёи Лучоб мерезад».

Аммо Абдусамад Ҷӯраев, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, яке аз дигар ҳамроҳони мо дар ин боздид мегӯяд, барои коркарди дубораи обҳое, ки ин корхонаҳо истифода мекунанд, маблағгузории бештар лозим аст. Ҳамзамон ҷаноби Ҷӯраев гуфт, аз рӯи меъёр ба ҳар сокини пойтахт дар шабонарӯз аз 250 то 300 литр об пешбинӣ шудааст. Аммо ба гуфтаи ӯ феълан шаҳрвандон ду баробар зиёдтар обро истифода мекунанад. Абдусамад Ҷӯраев мегӯяд, «феълан Корхонаи обу корези Душанбе таъминоти оби нушокиро ба аҳолӣ аз 900 то 1000 литр сари ҳар нафар медиҳад, вале ин ҳам кифоят намекунад. Сабабаш дар он аст, ки маърифтаи дурусти истифодаи об вуҷуд надорад. Дар чунин ҳолат аксаран ҳатто сокиноне, ки дар ошёнаҳои баландтар зиндагӣ мекунанад, наметавонанд ба об дастарсӣ дошта бошанд. Ҳоли ҳозир барои истифодаи об дар як моҳ аз ҳар як сокини пойтахт се сомонӣ гирифта мешавад», гуфт ӯ.

Боздиди гурӯҳе аз намояндагони расонаҳои хабарӣ аз ҳавзҳои софкунии оби шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки бо вуҷуди тахсис шудани маблағҳои ҳангуфти созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукумати Тоҷикистон барои беҳбуди хадамоти об, ҳанӯз ҳам сокинони пойтахт аз сифати оби истифодашаванда шикоят доранд. Зеро ба гуфтаи онҳо агар ин об дар тобистон хасу хошок дошта бошад, тирамоҳ ва зимистон ҳангоми боронгариҳо лойолуд аст.

Мақомот далели ин амрро дар куҳна ва фарсуда шудани қубурҳои обгузар медонанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG