Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёде аз Одинаи Ҳошим дар ҳалқаи пайвандонаш


Хабарнигори Озодӣ дар зодрӯзи 77-уми равоншод Одинаи Ҳошим пои сӯҳбати наздикони ӯ нишаст ва аз фарзандони ин овозхони шӯҳратёр шунид, ки ӯ дар зиндагӣ чӣ гуна инсоне буд ва чӣ меросе аз худ ба ҷо гузошт?

Овозхони шӯҳратёри тоҷик Одинаи Ҳошим, агар умр вафояш мекард, рӯзи 13 июн 77-сола мешуд. Аммо қалби ҳассоси ин марди ҳунар дар оғози соли 1993, вақте Тоҷикистон дар авҷи ҷанги бародаркуш қарор дошт, дар синни ҳамагӣ 56 аз таппидан монд...

Одинаи Ҳошим аз бузургтарин сарояндагони сабки роғӣ ва фалак дар садаи бистум буд. Вай дар 56 соли умри худ ҳудуди 30 сол рӯи саҳна буд ва наздики 500 тарона иҷро кард. Аксари таронаҳои ӯ бар матни шоирони классики форсу тоҷик эҷод шудаанд.

Эҳтирому шӯҳрати Одина Ҳошим хеле фаротар аз Тоҷикистону Шӯравӣ рафта буд. Ба дунболи суқути Шӯравӣ Одина Ҳошим аз нахустин афроде буд, ки фарҳангу ҳунари тоҷикро дар Эрон муаррифӣ карда ва дар он кишвар мухлисони зиёде дошт.

Лоиқ Шералӣ, шоири равоншод, дар васфи Одинаи Ҳошим гуфтааст:

Он мард ки ӯ аз нусхаи Қосим бошад,
Дар саҳни ғазалсароӣ доим бошад.
Аз баҳри сурудани дилу нияти халқ
Ҳофиз бошад, Одинаи Ҳошим бошад.


Одинаи Ҳошим дар соли 1993, дар авҷи нооромиҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон дар синни 56-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Аммо то ҳол бо номи ӯ танҳо як хоҷагӣ дар зодгоҳаш - ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - вуҷуд дорад. Соҳибназарони тоҷик чандин бор ин масъаларо матраҳ кардаанд, ки магар намесазад, то муасиссае, донишкадае ва ё ниҳоди фарҳангие бо исми ин бузургвори аҳли ҳунару маънӣ гузошта шавад?!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG