Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакзабонҳои Тоҷикистон: "Эҳсоси бегонагӣ надорем, рафтанӣ ҳам нестем"


Як назарсанҷӣ нишон додааст, ки бисёре аз сокинони узбакзабони Тоҷикистон худро дар ин ҷо бегона эҳсос намекунанд ва қасди кӯчидан ба давлати Узбакистонро ҳам надоранд.

Ҳайдар Холиқов, сокини узбакзабони яке аз рустоҳои шаҳри Ваҳдат, аз бими ҷанги шаҳрвандӣ ба Узбакистон рафт, вале иҷозаи иқомат нагирифт ва дубора ба Тоҷикистон баргашт.

"Баъд аз ҷанҷолҳо фикри рафтанро кардем. Диламон хунук шуд, рафтем, ки қабул накарданд, гашта омадем. Дигар нияти рафтан надорем. Барои он ки гузаштаҳои мо аз қадим инҷо буданд. Ман нав шаш пуштамонро ҳисоб кардам, намедонам, кай инҷо омадаанд ва кадом сол," -- мегӯяд Ҳайдар Холиқов.

Фарзандони Ҳайдар Холиқов, сокини деҳаи Мулло Давлати шаҳри Ваҳдат мисли фарзандони сокинони дигари Тоҷикистон, ё дар замин кор мекунанд, ё барои пайдо кардани ҷойи кор ба Русия мераванд. Худаш баъд аз як дафъа фиреб хӯрдан, дигар ба Русия нарафтааст. Ҳайдар Холиқов дар маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғун, ки Узбакистон ба он сарсахтона мухолифат мекард, мисли дигар ҳамватанонаш саҳмия харид.

"Дар байни мо тоҷику узбак гуфтанӣ гап нест, ҷудокунӣ нест, вақти ҷанҷолҳо (ҷанги дохилии Тоҷикистон) як шуд, вале аз мобайн рафт ин корҳо. Худоро шукр, ки ин корҳо даррав аз байн рафт," -- изҳор дошт, Ҳайдар Холиқов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Узбакзабонҳое мисли Ҳайдар Холиқов дар Тоҷикистон, бештар аз 15 дарсади аҳолӣ ва ё 1 миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Бино ба як пажӯҳиши тоза, онҳо худро бегона намеҳисобанд ва Тоҷикистонро ватани ҳақиқии худ мешуморанд. Пажӯҳиши мазкурро

Брент Ҳайрман

Брент Ҳайрман

Брент Ҳайрман, муҳаққиқи департаменти мутолеоти байнулмилалӣ ва улуми сиёсии Донишгоҳи низомии Вирҷинияи Амрико анҷом додааст.

Ӯ дар чаҳорчӯби ин таҳқиқ дар чаҳор маҳаллаи Тоҷикистон ва чаҳор маҳаллаи Қирғизистон, ки аз 250 то 550 хонавода доштаанд, назарсанҷӣ анҷом додааст. Дар ин маҳаллаҳо то 85 дарсад узбакзабонҳо будаанд ва ду маҳалла дар шаҳр ва ду маҳалла дар русто интихоб шудаанд.

Дар назарсанҷӣ барои ин пажӯҳиш бисёре аз узбакзабонҳои Тоҷикистон, бахусус мардуми рустоҳо гуфтаанд, ки "байни тоҷикҳову узбакҳо ба ғайр аз забон ҳеч фарқ нест ва ин Тоҷикистону Узбакистон ҳастанд, ки онҳоро ҷудо кардаанд." Ба ақидаи Брент Ҳайрман, моҷароҳои зиёди Тоҷикистону Узбакистон барои обу сарҳаду нерӯгоҳи Роғун ва робитаҳои сарди як даҳсолаи гузашта, муносибати байни ду мардумро, ки канори ҳам зиндагӣ мекунанд, тағйир надодааст:

"Ончӣ ман дар маҳаллҳо бахусус рустоҳо дидам, воқеан ҳайратангез буд. Бисёре аз узбакҳо, ки бо онҳо суҳбат кардам, фарқият байни худу тоҷикҳоро гуфта наметавонистанд. Таври маълум баръакси узбакҳову қирғизҳо, ки забонашон як шохаи туркист, тоҷикҳо бо забони комилан дигар гап мезананд. Аммо бисёре аз узбакҳо мегуфтанд, ки мисли тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва фарқ дар байни зиндагии онҳо вуҷуд надорад. Мо тоҷикиро мефаҳмем ва медонем, ки зиндагии тоҷикону узбакҳо як хел аст," -- хулоса кард Ҳайрман.

Барои маълум кардани ин воқеият, ки то чӣ ҳад узбакзабонҳо ҳуввияти худро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон нигаҳ доштаанд, Брент Ҳайрман дар як маҳаллаи шаҳри Қӯрғонтеппа, як маҳаллаи Табошар ва ду рустои ноҳияҳои Турсунзода ва Ҷаббор Расулов назарсанҷӣ анҷом додааст. Дар Қирғизистон назарсанҷӣ дар Ушу Ҷалолобод сурат гирифт. Ин назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки мардуми узбакзабон ҳуввияти этникии худро муҳим медонанд ва масалан бартарӣ медиҳанд, ки аз миёни ҳамзабононашон зан ё шавҳар бигиранд ва ё фарзандашон дар мактаби узбакӣ таҳсил кунад.

Аз ҷумла, бештар аз 52 дарсади назардодагон дар рустоҳои узбакзабони Тоҷикистон гуфтаанд, издивоҷ бо ҳамзабони худ муҳим аст, 36 дарсад гуфтаанд, ки ба издивоҷ бо ҳамзабони худ бартарӣ медиҳанд, вале онро ҳатмӣ намешуморанд. Узбакзабонҳои шаҳрӣ дар Тоҷикистон, масъалаи издивоҷ бо ҳамзабон, ё таҳсил дар мактаби узбакиро зиёд муҳим намедонистаанд. Тақрибан 40 дарсади пурсидашудагон дар маҳаллаҳои узбакнишини ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Табошар дар Суғд гуфтаанд, ки узбакзабон бояд бо ҳамзабони худ издивоҷ кунад, барои бақия ин масъала фавқуллода муҳим набудааст.

Гузашта аз ин ба гуфтаи Брент Ҳайрман, бо вуҷуди баёнияҳои зиёди зиддиузбакӣ ва гунаҳкор кардани Узбакистон дар мушкилоти иқтисодӣ аз тарафи Тоҷикистон, ин қишри ҷомеа, эҳсоси бегонагӣ накардааст: "Бисёре аз мардуми маҳаллаҳои узбакнишин ба ин ақида ҳастанд, ки дар Тоҷикистон масъалаи қавмро сиёсӣ накардаанд. Бо вуҷуди шунидани достонҳои манфӣ дар бораи Узбакистон ингуна эҳсос надоштаанд, ки ҳамчун узбак ҳадафи танқид қарор гирифтаанд."

Бисёре аз узбакзабонҳое, ки Брент Ҳайрман бо онҳо сӯҳбат кардааст, гуфтаанд, ба зиндагии мардуми Узбакистон ҳасад намебаранд ва ҳаваси рафтану зиндагӣ кардан дар онҷоро надоранд. Чӣ назардодагони шаҳрӣ ва чӣ рустоҳои Тоҷикистон ба ин ақида будаанд, ки имконоти кору зиндагӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон назар ба Узбакистон, ки низоми сахтгиру худкома дорад, беҳтар аст.

Абдуғанӣ Мамадазимов

Абдуғанӣ Мамадазимов

Таҳлилгарон дар дохили Тоҷикистон, аз ҷумла Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносон ба ҳамин назар аст ва мегӯяд, "масалан, агар лақайтаборонро бигирем, онҳо Тоҷикистонро ватани аслии худ ҳисоб мекунанд ва аз инҷо кӯч бастанӣ нестанд. Узбакзабонҳое, ки дар вилояти Суғд ҳастанд, онҳо низ ҳамингуна мешуморанд ва ягон мушкилотро намебинанд."

Дар назарпурсӣ бисёре, аз пурсидашудагон гуфтаанд, ки урфу одатҳои тоҷикону узбакҳо чӣ дар Тоҷикистон ва ё Узбакистон як аст, ҳарду пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд ва ин ба эътиқоди Абдуғанӣ Маҳмадазимов, як омили муҳими дигари наздикии тоҷикону узбакҳост. Издивоҷ байни тоҷикҳову узбакон ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон роиҷ аст, ҳарчанд пурсидашудаҳо зимни ин пажӯҳиш гуфтаанд, ки чунин издивоҷҳои омехта баъди суқути Шӯравӣ камтар шуд. Аммо бо вуҷуди ин узбакзабонҳои Тоҷикистон, ин эҳсосро доштаанд, ки ба хотири узбак буданашон нисбат ба онҳо табъиз вуҷуд дорад. 33 дарсади узбакзабонҳои пурсидашудаи шаҳрӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки маҳз ба хотири узбак буданашон ҳуқуқи онҳо назар ба дигар мардум маҳдудтар аст.

Дар рустоҳо теъдоди камтар, яъне 15.3 дарсад ингуна эҳсос доштаанд. Тақрибан 57 дарсади узбакзабонҳои шаҳрии пурсидашуда гуфтаанд, ки агар узбак бошӣ, пайдо кардани кори хуб мушкил аст, ҳарчанд дар Қирғизистони ҳамсоя ин рақам ба 65 дарсад мерасидааст. Аммо дар рустоҳои Тоҷикистон фақат 19 дарсад гуфтаанд, ки агар узбак бошӣ кори хубро ба осонӣ пайдо намекунӣ, дар рустоҳое, ки бақияи мардуми Тоҷикистон ҳам ба ғайр аз деҳқониву зироатпарварӣ ва чорводорӣ кори хуб пайдо намекунанд.

XS
SM
MD
LG