Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфтааст, ки имкон дорад Узбакистон низоми сафари бидуни раводид ё вижа барои шаҳрвандони Туркияро ҷорӣ кунад. Вазири умури хориҷии Туркия, ки рӯзҳои 17-18 ноябр дар ҳайати намояндагони он кишвар бо раҳбарии президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз Узбакистон дида намуд, рӯзи шанбе зимни нишасти хабарӣ дар Анқара аз боз шудани сафҳаи нав дар равобити кишвараш бо Узбакистон сухан гуфтааст. Оқои Човушоғлу аз ҷумла гуфтааст, ки Тошканд барои шаҳрвандони Туркия низоми сафари бидуни раводид ё визаро ҷорӣ мекунад.

Ба навиштаи рӯзномаи туркии “Habar Turk”, вазири умури хориҷии Туркия дар нахустин нишасти хабарии худ пас аз сафар ба Узбакистон, гуфтааст, ки “мо барои шаҳрвандони Узбакистон низоми раводидро бекор кардем. Ҳоло дар робитаи мо бо Узбакистон сафҳаи нав боз шуд. Иншоаллоҳ, ки Узбакистон дар навбати худ низоми сафари бо виза барои шаҳрвандони моро бекор мекунад."

Аммо вазири умури хориҷии Узбакистон нагуфтааст, ки Узбакистон дақиқан кай низоми сафари бидуни виза бо Туркияро ҷорӣ мекунад. Мақомоти Узбакистон ҳам то ба ҳол дар мавриди ин изҳороти вазири умури хориҷии Туркия ба таври расмӣ вокуниш нишон надодаанд.

Туркия бо ҳадафи ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ, низоми раводиди худро бо аксари кишварҳои дунё бекор кардааст. Аз ҷумла Туркия низоми виза бо кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон ва Узбакистонро бекор кард ва имкон дод, ки шаҳрвандони ин кишварҳо бе раводид дар ҳудуди он кишвар як моҳ иқомат кунанд.

Аммо баъд аз таркиши соли 1999 дар Тошканд, Узбакистон низоми сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Туркияро лағв кард ва Анқара низ иқдоми монандро рӯи даст гирифт. Аммо дар соли 2007 Туркия бори дигар низоми раводид барои сафари шаҳрвандони Узбакистонро лағв кард, аммо Узбакистон ҳанӯз барои сафар ба он кишвар, аз шаҳрвандони Туркия виза талаб мекунад.

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, дар сафари худ ба Узбакистон, бо Шавкат Мирзиёев ва мақомоти дигари Узбакистон дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ба навиштаи хабаргузории расмии Туркия -- “Анадолу”, мулоқоти Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо иҷрокунандаи раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев барои се соат пушти дарҳои баста сурат гирифтааст.

Ин нахустин сафари президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдугон ба Узбакистон дар 16 соли ахир будааст. Раҳбари Туркия дар Самарқанд қабри Ислом Каримов, президенти собиқи Узбакистонро, ки авоили сентбяри соли равон, баъди 25 соли раҳбарӣ аз дунё гузашт, зиёрат кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG